ТАСДИҚИ РИСОЛАҲОИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ТАСДИҚИ РИСОЛАҲОИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!

 

Тибқи фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15.03.2024, таҳти №53/уи рисолаҳои номзадии омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара РАҲМОНАЛИЕВ ҶОВИДОН ХУДОЁРОВИЧ ва ДАВЛАТОВ УМАРАЛӢ МИРЗОАЛИЕВИЧ тасдиқ гардиданд.

Раёсати донишгоҳ устодони азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба онҳо сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.