Маълумоти умумӣ дар бораи кафедра

КАФЕДРАИ ҲАРБӢ

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2014, №261 ва фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2014, №329 дар заминаи филиали кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумиҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014, таҳти №344 «Дар бораи Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», фармонҳои вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ мондааст.

Раванди таълим дар кафедраи ҳарбӣ. Раванди таълим дар кафедра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра машғулиятҳо дар асоси барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсии тасдиқшуда гузаронида мешаванд. Тайёрии ҳарбии донишҷӯён бо ихтисоси 021001-Командири взвод дар мошини ҷангии пиёданизом-2 аз рӯи фанҳои тайёрии тактикӣ, топографияи ҳарбӣ, тайёрии оташфишонӣ, тайёрии техникӣ, оинномаҳои умумиҳарбии ҚМ ҶТ, тайёрии сафороӣ, ҳуқуқи низоъҳои мусаллаҳона, методикаи корҳои тарбиявӣ, тайёрии тиббӣ-ҳарбӣ ба нақша гирифта шуда, гузаронида мешаванд.

Машғулиятҳо дар кафедра тариқи рӯзи ҳафта ба роҳ монда шудаанд. Як рӯзи ҳарбӣ дар кафедра аз 6 соати дарсӣ, 2 соати худомӯзӣ ва иҷроиши машқҳо иборат мебошад. Пеш аз саршавии машғулиятҳо иҷроиши машқҳо мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ба муҳлати 30 дақиқа ҳамарӯза гузаронида мешавад. Машӯулиятҳо дар кафедра аз соати 8:00 оғоз гардида, то соати 12:50 идома меёбад. Худомӯзии донишҷӯён баъди нисфирӯзӣ аз соати 14:00 то сотаи 16:00 бо роҳбарии омӯзгорон гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи алоҳидаи таълимӣ дар ҳар як шашмоҳа машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-уми кафедра дар пойгоҳи қисми ҳарбии 13483 "Б" ба нақша гирифта шуда, гузаронида мешавад.

 

ПОЯИ МОДДӢ-ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ ҲАРБӢ. Дар кафедраи ҳарбӣ 1400 ҷойи нишаст барои таълими донишҷӯён мавҷуд аст. Ҳамаи синфхонаҳо ва толорҳои лексионии дар ихтиёрдошта пурра бо айёниятҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар кафедра 13 синфхонаи лексионӣ ва 1 маҷлисгоҳ мавҷуд мебошад. Аз ин шумора 7 синфхонаи дорои проектор буда, аз ин теъдод 2 синфхона ва 1 толори лексионӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Инчунин дар кафедра 9 утоқи корӣ барои омӯзгорон, хонаи нигоҳдории силоҳу лавозимоти таълимӣ, китобхона, утоқи ҳуҷҷатгузорӣ, бойгонӣ ва анбор мавҷуд мебошад. Дар китобхонаи кафедра зиёда аз 3600 адад дастур, китобҳои гуногун, роҳнамои донишҷӯён ва ғайра мавҷуд аст.

ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁН БА ҲОЛАТИ МОҲИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2023

КОРҲОИ ТАРБИЯВИИ КАФЕДРАИ ҲАРБӢ

Дар кафедраи ҳарбӣ корҳои тарбиявӣ дар асоси фармонҳо, директиваҳо ва дастурҳои вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои сардорон, Консепсияи миллии тарбия ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба роҳ монда шудааст. Дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкур дар кафедра нақша-чорабиниҳо оид ба мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ тартиб дода шуда, мувофиқи он ҳамаррӯза ба мақсади дар донишҷӯён ташаккул додани шуури баланди сиёсӣ, зиракӣ, содиқ будан ба Ватан, мардонагӣ ҷасорат, пуртоқатӣ ва нисбат ба душман нафрат доштан 30 дақиқа дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад.

Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини Консепсияи миллии тарбия ба шумор рафта, кафедра аз рӯи он амал мекунад. Он дар рӯҳияи донишҷуён ташаккул додани сифатҳои баланди маънавӣ, сиёсӣ, касбӣ, ҷангӣ ва рӯҳиро барои иҷрои вазифаи муқаддаси ҳимояи ватан бедор мекунад. Аз ин рӯ афсарони кафедраи ҳарбӣ ҳамаи кӯшишҳоро ба он равона мекунанд, ки ба донишҷӯён хислатҳои ҳамидаи дар боло зикршударо омӯзонанд.