Курсҳои сертификатсионӣ

ДАР МАҲФИЛҲОИ ҲУНАРМАНДӢ ВА КУРСҲОИ СЕРТИФИКАТСИОНӢ ОМУЗИШИ КАСБУ ҲУНАР ВА ЗАБОНОМӮЗӢ

Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид эълон гардидани солҳои 2019-2021- солҳои "Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", бо мақсади бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ рушди деҳот ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва дар ин раванд дар Донишгоҳи давлатии Данғара маҳфилҳои таълимӣ-тренингии ҳунармандӣ ташкил карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2019-2020 дар маҳфилҳои ҳунармандӣ, ба тариқи ройгон дар курсҳои рассомӣ 36 нафар, дузандагӣ 195 нафар, адрасбофӣ 16 нафар, чакандӯзӣ 11 нафар, бофандагӣ 28 нафар дар умум 318 нафар духтарон фаъолона касбҳои гуногун омухтанд.

Шунавандагоне, ки фаъолона дар маҳфилҳо иштирок намуда, пас аз омухтан ва азхуд намудани курсҳои 3-моҳа аз рӯи касби интихобнамудаашон аз сӯҳбати комиссияи хатм мегузаранд, дар арафаи Иди Наврӯз-2020 бо сертификати касбӣ қадр карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар нимсоли аввали таҳсили 2019-2020 дар доираи  Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.10.2016 №3848).  ташкили курсҳои сертификатсионӣ  аз рӯи 54 номгўи касбу ҳунар барои касбомўзию ҳунармандии донишҷӯён ва татбиқи барномаҳои таҷрибаомӯзӣ дар марказҳои таълимӣ-тренингии назди донишгоњ  ба роњ монда шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2019-2020 дар курсҳои сертификатсионӣ аз рӯи  омузиши забони англисї 39 нафар,  русї 15нафар, хитойӣ 11 нафар, дузандагӣ 32 нафар, кор бо компютер 11 нафар, олмонӣ 22 нафар, шунавандагон таҳсил намуда, инчунин барои донишҷӯён аз хориҷи кишвар  бо теъдоди 60 нафар омузиши забони тоҷикиро аз  2 сентябри соли 2019 ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БО АКАДЕМИЯИ ДАВЛАТИИ АГРАРИИ ПРИМОРЕ

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2020”,  дар доираи ҳамкориҳои судманди тарафайн бо Академияи давлатии аграрии Приморе, бо мақсади гузаронидани курсҳои омӯзиши забони русӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони маъмурӣ, тибқи шартномаи дуҷониба аз санаи 4 то 14 марти соли 2019, устоди таълимгоҳи олии номбурда, Богаченко Татьяна Геннадевна ба донишгоҳ ташриф овардааст. 

 

Бояд қайд кард, ки устоди номбурда оид ба мавзӯи “Ҷанбаи меъёри забони муосири руси” (“Нормативный аспект современного русского языка) ба кормандони кафедраи забон ва адабиёти рус, нозир-ҳуҷҷатнигорони ҳукумати электронӣ, семинари махсус гузаронида истодаанд.

 Ҳамзамон Богаченко Т. Г. Дар доираи сафари кориашон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умимии ноҳия ташриф оварда, Академияи давлатии аграрии Примореро муарифӣ намуда, довталабонро барои қабул шудан ба таълимгоҳи олии номбурда ҷалб намуданд.