САДА, ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

САДА, ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Мавҷудияти миллатро бе арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллияш тасаввур намудан ғайри имкон аст. Барои бақои миллат, забон, фарҳангу тамаддун, урфу одат ва маросимҳои суннатӣ, фарзонафарзандони миллат, шоирону нависандагон ва сиёсатмадоронаш аҳамияти калон дорад.

Яке аз дастовардњои бузурги фарњангии даврони истиқлол, ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд, ин таљлили ботантанаи санањои муњими таърихию фарњангии миллати тољик ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ва фарзонафарзандони миллати тоҷик мебошад.

Баргузории Симпозиуми байналмилалии 1000-солагии «Шоњнома»-и А.Фирдавсї, таљлили љашнњои 1100-солагии Давлати Сомониён, 3000–солагии Фарњанги зардуштї, 2700-солагии «Авасто», 1150 – солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500 – солагии Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шањри Кӯлоб, “Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ”, 700 – солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 3000 – солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имоми Аъзам, гиромидошти Абдураҳмони Ҷомиву Туғрал, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода , эҳёи санъати мардумии «Фалак» ва ба Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод намудан ва ба қатори мероси ғайримодии ҷаҳонӣ шомил гардидани он, ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии башарият шомил гардидани “Чакан”, бузургдошти санъати касбии «Шашмақом» ва эҳёи даҳҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз заҳмату талошҳои фарҳангофаронаи Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад. Бархе аз љашнњои номбурда дар даврони мушкилоти иқтисодии кишвар ва нобасомонињо таљлил гардиданд, ки дар ин љода дастгирї ва ташаббуси Пешвои миллат Эмомалї Рањмон хело бузург аст.

Ин ҳама арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ то ба ҳол идома дошта, ба як қатор ҷашнҳои миллӣ Шаби Ялдо, Меҳргону Сада, Наврӯз, Тиргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо тамоми унсурҳои зебогияшон таҷлил шуда истодааст.

Яке аз ҷашнҳое, ки солҳои тулонӣ ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд, бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар аз нав эҳё гардида, дар сатҳи зарурии ташкилӣ ҳамасола гузаронида мешавад, ин ҷашни Сада мебошад. Ҷашни Сада ва дигар ҷашнҳо аз он хотир муҳим ҳисоб мешавад, ки барои ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ хизмат менамояд.

Сада ҳамчун ҷашни азёдрафтаи форс-тоҷик дар осори адибону донишмандони классикӣ дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон борҳо зикр шудааст, аммо доир ба таъриху баргузории он маълумоти нисбатан камтаре ба мо омада расидааст.

Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ ба бадӣ ташкил дода, он ҳамасола дар рӯзи 10- уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, мутобиқ ба 29-30-юми январи солшумории мелодӣ таҷлил мегардад. Мардум дар замонҳои қадим бо баргузории ин ҷашн на танҳо шодиву хурсандӣ карда, аз ғаму андуҳи рӯзгор фориғ мешуданд, балки тавассути оташафрузӣ рамзан намоди зимистонро месӯзониданд. Ҷашни Садаро, ки дар меҳвараш оташ меистад, аз ин хотир «ҷашни оташ» ҳам номидаанд ва онро хоси дини зардуштӣ медонанд. Вале ба қавли доктор Меҳрдоди Баҳор, Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авесто аз сада ишорае нашудааст.

Оид ба шарҳи истилои «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз ҷумла машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони фаро расидани Навӯзро ифода мекунад. Зимнан гуфтан лозим аст, ки Сада пас аз чил рӯзи Шаби Ялдо–ойини дигари бостонии эрониён, ки зодрӯзи Эзид Митра буд, баргузор мегардад. Ин чил рӯз ба чилаи калони тақвими мардумии тоҷикон, ки онро чиллаи зимистон низ меномиданд, айният дорад. Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳони асотирӣ, Ҳушангу Фаридун ва баъзеҳо ба шоҳ Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд. Аз ҷумла Хаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад:

  • Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
  • Гузар кард бо чанд кас ҳамгуруҳ.
  • Падид омад аз дур чизи дароз,
  • Сияҳрангу тиратану тезтоз.
  • Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
  • Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
  • Нигаҳ кард Ҳушанги бо ҳушу санг,
  • Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
  • Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,
  • Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷу биҷаст.
  • Баромад ба санги гарон санги хурд,
  • Ҳамон ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
  • Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
  • Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
  • Нашуд кушта мор, валекин зи роз,
  • Падид омад оташ аз он санг боз.
  • Ҳар он кас, ки ба санг оҳан задӣ,
  • Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
  • Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин
  • Ниёиш ҳамекарду ҳамехонд офарин.
  • Ки уро фурӯғе чунин ҳадя дод.
  • Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
  • Бигуфто: «фурӯғес ин эзадӣ,
  • Парастид бояд агар бихрадӣ».
  • Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
  • Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
  • Яке ҷашн кард он шабу бода х (в) ард,
  • Сада номи он ҷашни фархунда кард.
  • Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
  • Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Абурайҳони Берунӣ дар «Ат таҳфим» навиштааст: «Сабаби оташ кардан ва бардоштани он ин аст, ки Беваросб (Заҳҳок) фармон медод, ки ҳар рӯз ду мардро кушта мағзи сарашонро гирифта ба морҳое, ки дар китфони Заҳҳок буд ҳамчун хӯрок бар онҳо пешниҳод намоянд. Ва ӯро вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор. Онҳоро аз ду якеашонро зинда озод карда ба кӯҳи Дамованд мефиристод. Ва вақте, ки некӣ бар бадӣ ғалаба карду шоҳ Фаридун баъд аз кӯштани Заҳҳок ба тахт нишасту Армоил, ки вазир буд ӯро сарзаниш кард ва дар ҷавоб Армоил гуфт: тавоноии ман дар он буд, ки ман аз ду кӯшта якеашонро раҳондам ва ҳамаи онҳо дар паси кӯҳи Дамованд ҳастанд ва шоҳ Фаридун фармон дод то бираванд ҳама онҳое, ки дар паси кӯҳанд бозпас биёранд. Армоил ба шоҳ гуфт: ман ба ҷои одамон гӯсфандро кушта мағзи сарашонро бар Заҳҳок пешкаш мекардам». Доир ба пайдоиши ин ид ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад.

Аз рӯи гуфтаи Абулқосим Фирдавсӣ гӯё Хушанг ба мори калоне дучор шуда, сангеро ба мор партофт, ки он ба санги дигар зада, оташ ба амал омад. Аз ин воқеа одамон бори аввал оташро аз худ кардаанд. Ба ин муносибат оташи бузург афрӯхта, ҷашн барпо намуданд ва баъдтар онро Сада номиданд. Шоир ва адиб Манучеҳрии Домғонӣ ҷашни саддаро ёдгорӣ аз Каюмарсу Исфандиёр гуфтааст.

Ҷашни Сада, Амиро, расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад…

Аз рӯи ойини Сада як рӯз пеш аз ид бо роҳбарии мӯъбад тарзи ҷашнкуниро маслиҳат менамуданд.

Дар рӯзи ҷашни Садда аз дарахтони хушбӯй ҳезумҳои зиёди ҷамъ кардаро дар ҷои баргузории ҷашн баланд чида, бо расидани вақту соати ҷашн онро оташ мезаданд, ки шаби сиёҳ мисли рӯз равшан мешуд ва мардум аз он шодиву хурсандӣ мекарданд. Ҷашни сада барои мардум пайғоми аз байн рафта истодани зимистон, пеш омадани баҳор, гармӣ ва нармии хок буд. Одамон дар гирди оташ сурӯдхони мекарданд.

Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол зина ба зина барои аз нав эҳё кардани иду ҷашнҳои миллӣ давлату ҳукумат бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қайд кардани иду ҷашнҳои ниёгонамон чун Наврӯз, Меҳргон ва Сада корҳои назаррасе ба анҷом расонидаанд.

Моҳияти ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада ва дигар ҷашнҳои аҷдодӣ пеш аз ҳама аз ошноӣ доштан ва омӯзиши табиат ва рушди табиатшиносӣ дар миёни мардумони мо гувоҳӣ медиҳанд. Зеро, ки ин ҷашнҳои миллии мо ба хотири ҷашнгирии солрӯзу зодрӯзи ин ё он шахсияти таърих нест. Балки якҷоя шудан бо табиат, маърифати табиат, дар оғуши табиат будану омӯзтани ҳикмати он аст. Масалан дар Наврӯз табиат эҳё мешавад, айёми кишту кор сар мешавад, растаниҳо месабзанд, гулҳо мешукуфанд, одамон ба таври стихиявӣ бо табиат ҳамовоз мегардад, майл ба ворид шудан ба оғуши зебои табиат шудан дар инсон пайдо мегардад. Яъне табиатро ҷашн мегиранд. Ҷашни Меҳргон низ бо табиат алоқамандӣ дошта, дар ин вақт деҳқонон натиҷаҳои кишту кори худро ҷамъоварӣ намуда, табиат рӯ ба карахтӣ меоварад. Сада бошад пайғоме аз баҳору Наврӯз мебошад.

  Хурсандиовар ин аст, ки ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки худ шахсияти фарҳангдӯсту фарҳангпарвар мебошад, дубора эҳё гардида, имрӯзҳо табақаи равшанфикри миллат ба омӯзиш ва эҳёи он мусоидат намуда истодаанд. Фалсафаи ҷашнҳои миллии моро имрӯз давлату ҳукумати кишвар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, аз ҷониби созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО як зумра ҷашнҳо ва арзишҳои таърихиву фарҳангии мо ба феҳристи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ шомил гардида истодааст. аз ин рӯ уфтан мумкин аст, ки имрӯз мо ҷавонон таърихи давлату миллати худро омӯхта арзишҳои миллии худро дубора эҳё намоем. Бадин васила дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми боризи худро гузошта бошем.

  • Азизов К.Ҷ., н.и.ф., и.в., дотсенти кафедраи
  • фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара