ТАНТАНАИ ИДИ САДА ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ТАНТАНАИ ИДИ САДА ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

"Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Шашмақом”, “Фалак”, Наврўз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд". Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.


26 январи соли 2024 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва иштироки раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин баҳри истиқбол аз таҷлили Иди Сада намоишгоҳ ва чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар якҷоягӣ бо коллективи меҳнатии донишгоҳ бо ташкили гӯшаи идонаи фарогири суннатҳои таърихии Иди Сада аз ҷумла, маҳсули фаъолияти парки технологӣ-инноватсионӣ, асарҳои илмии таълифнамудаи олимони донишгоҳ, тухмиҳои маҳсулоти кишоварзӣ, анвои ғизоӣ, намунаҳои дӯзандагию ҳунарҳои мардумӣ фаъолона иштирок намуданд.
  
Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон расонандаи муждаи баҳор буд. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) – ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.