РОҲҲОИ АСОСИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ - ОМӮЗГОРӢ

РОҲҲОИ АСОСИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ - ОМӮЗГОРӢ

Мувофиқи нақшачорабиниҳои кафедраи биология ва биотехнология, санаи 24.01.2024 бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва дар ҳошияи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023), семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Роҳҳои асосии баланд бардоштани кадрҳои илмӣ омӯзгорӣ” баргузор гардид.  
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд ва яке аз масъалаҳои меҳварии Паём ин баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба шумор мерафт ва ҳамзамон барои ҳарчи бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба донишомӯзӣ ва дуруст аз худ намудани дараҷа ва зиннаҳои илмӣ семинари мазкур баргузор гардид, ки дар кори он доктори илмҳои биологӣ, профессор Устоев М. ширкат ва суханронӣ намуданд. 
Дар семинар инчунин сардори раёсати илм н.и.к., дотсент Расулзода Б.Р., декани факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир н.и.т. Фирӯзи С.Д., мудири кафедраи биология ва биотехнология муаллими калон Амиров А.С., ҳайати кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд. 
Семинари илмӣ бо музокирот ва саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.