Фаъолияти назарраси ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол” – и ҲХДТ дар Донишгоҳи давлатии Данғара

Фаъолияти назарраси ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол” – и ҲХДТ дар Донишгоҳи давлатии Данғара

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 29 - умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 09.12.2023 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол” – и ҲХДТ дар ДДД баргузор гардид. 

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини раиси Ташкилот Асомуддин Азизов оғоз гашта, ҳозиринро бо мақсаду мароми чорабинии имрӯза ошно намуд.

Сипас Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара д.и.и, профессор Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ оид ба дастовардҳои ҲХДТ дар зарфи 29 – соли фаъолият ва саҳми Раиси муаззами Ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари тамоми қишрҳои ҷомеа маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, ҳозиринро барои содиқ будан дар сафи ин Ҳизби ташабускору созанда ҳидоят намуд.

Гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои назарраси ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Нури истиқлол” аз он иборат буд, ки 5 нафар аз ҳамсафони ин Ҳизб, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар даври ниҳоии озмунҳои Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (3 нафар), “Тоҷикистон ватани азизи ман” (1 нафар), “"Тоҷикон" оинаи таърихи миллат” (1 нафар) соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (якум ва сеюм) гардиданд, ки ин дастовард дар миёни дигар мактабҳои олии кишвар мақоми ифтихориро ишғол менамояд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода П.А. зимни баромади хеш иброз доштанд, ки фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ, рушди маорифу таҳсилот, илму инноватсия арзанда буда, рӯз аз рӯз эътимоду боварии мардум ба ин Ҳизби созандаю бунёдкор бештару хубтар мегардад.

Дар фарҷом ҳамсафони Ҳизб, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ДДД якдилона ваъда доданд, ки бо ҷалби фаъолони Ҳизб аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯён садоқати худро ба арзишҳои умумимиллӣ, истиқлолу озодӣ собит намуда, бо ташаббусу иқдомҳои ояндасоз, ки дар пайравӣ аз суханони Раиси муаззами ҲХДТ бармеояд, дар таълиму тарбияи зеҳнию илмии ҷавонону донишҷӯён ва дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор хоҳанд буд.