ЧОРАБИНИИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ “ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

ЧОРАБИНИИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ “ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Эҳтиром ва арҷгузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангию маънавии миллӣ мебошад!

Бо чунин мазмун дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Данғара, санаи 23 ноябри соли 2023 барномаи илмию фарҳангӣ бахшида ба рӯзи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандон иштирок намуданд. Қабл аз оғози чорабинии мазкур ҳозирин бо дастовардҳои эҷодии садорати факултети муҳандисӣ ва меъморӣ аз наздик ошно гардиданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, д.и.и., профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ кушода, дар бораи мақсаду мароми ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ андешаронӣ намуданд. Зимни баромади хеш Хайрзода Ш.Қ. қайд намуданд, ки “Парчами давлатӣ яке аз нишонаҳои давлатдории миллӣ, арҷгузоштан ба таъриху фарҳанги бостонӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад”. Тавре, ки Пешвои миллат иброз доштаанд: “Муҳаббат ба эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят менамояд”. Аз ин лиҳоз, ҳамасола 24-уми ноябр таҷлил намудани ин иди бошукӯҳ дар саросари мамлакат нишон аз ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватандорӣ ва ифтихори миллии мо тоҷикон шаҳодат медиҳад. Қисмати дуюми чорабинии имрӯзаро намоиши барномаи фарҳангию фароғатӣ ва театркунонидашудаи дастаи ҳунарии гурӯҳи “Шукри истиқлол”-и донишгоҳ ташкил намуд, ки он саршор аз суруду рақсҳои ватандӯстона, меҳру муҳаббат ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва таронаҳои дилнишин, инчунин қироати шеърҳои ватандӯстона иборат буданд. Сипас ҳозирин намоишӣ либосҳои миллиро, ки аз ҷониби маркази ҳунарҳои мардумии назди донишгоҳ бо роҳбарии тарроҳ Парвина Қосимова омода гардида буданд, бо завқ тамошо намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. барои ташкили чунин як барномаи фарҳангию фароғатӣ ба омодасозони ин барнома ва ҳайати эҷодию ҳаваскорон изҳори сипос намуда, иштирокдоронро ба муномсибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба онҳо комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно намуд.