СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ДИРАФШИ КОВИЁНӢ»

Таҳти чунин унвон санаи 23.11.2023 ба муносибати 31-умин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Парчами давлатӣ” семинари илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд. Семинар бо ибтикори кафедраи таърихи умумии факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ баргузор гардида, дар он сардори раёсати илм ва инноватсия н.и.к., дотсент Расулзода Б.Р., мудири кафедраи таърихи умумӣ н.и.т. Алишери Амирхон, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия н.и.ф. Азизов К.Ҷ. ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия Соҳибзода М.С. ширкат ва суханронӣ намуданд. Инчунин, дар семинар ҳайати васеи устодон ва донишҷӯёни факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ ширкат варзиданд.
Дар кори семинар мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт;

  • Аз таърихи парчамдории тоҷикон;
  • Парчам рамзи озодиву соҳибистиқлолии давлат;
  • Эҳтироми парчам – эҳтироми миллат аст.

Дар семинар иброз гардид, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.
Семинар бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор ба анҷом расид.