БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

«АСОСҲОИ ИЛМИЮ АМАЛИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲОСИЛНОКИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ВОБАСТА БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ»

Дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои солим, ҳамчунон бо дастгирии бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара муҳтарам Хайрзода Ш.Қ. бо ташаббуси факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ рўзи 18-уми ноябри соли 2023 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Асосҳои илмию амалии баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим» бо иштироки олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишвар доир гардид.

Дар семинар ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносови ФР Евгений Никитич Кубарев, ходими калони илмӣ, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ Партоев Қурбоналӣ, ходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ Сатторов Бахтовар, ҳайати олимони факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ ва факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир иштирок карданд. Семинарро бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Данғара, н.и.ф.-м. Алимов Насим Олимович оғоз карда, оид ба масъалаҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани самранокии истифодабарии замин сухан гуфт.

Маърузаи номзади фанҳои биология, ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносови ФР Евгений Никитич Кубарев ба «Биософияи агроландшафт» бахшида шуда, аз ҷониби ў самтҳои асосии истифодабарии нуриҳои биологӣ ва минералиро дар парвариши зироатҳои асосии кишоварзӣ, хусусиятҳои хоку иқлими минтақаҳои парвариши зироатҳо, ҳамкориҳои дуҷониба олимони Тоҷикистон дар омўзиши роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ  иброз карда шуданд.

Профессор Партоев Қурбоналӣ дар мавзуи «Нақши селексия дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» маърузаи муфассал намуда, самтҳои асосии пешрафти соҳаи селексияи зироатҳои кишоварзиро дар асоси таҷрибаҳои амалии гуногунҷабҳа ва ҳамкориҳо бо олимону муҳаққиқони хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия баён намуд. Қобили зикр аст, ки аз рўзҳои аввали фаъолияти илмии олимони кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамкориҳо бо олимони варзидаи соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи густарда ба роҳ монда шудаанд.

Маърузаи номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара Расулзода Бахтиёр Раҳмонбердӣ ба мавзуи “Нақши навъҳо ва нуриҳо ба мањсулнокии навъҳои гандум дар шароити тағйирёбии иқлим” бахшида шуда, муаллиф доир ба таъсири ду омили асосии агротехникаи парвариши зироатҳо ба маҳсулнокии навъҳои гандум дар шароити тағйирёбии иқлим – мутобиқати навъҳо ба шароити муҳит ва нуриҳои биологию минералӣ ахбороти муфассал дод.

Дар рафти семинар саволу ҷавоб ва музокироти судманд сурат гирифта, олимони соҳа самтҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Бояд зикр намуд, ки шароити хоку иқлими мавзеи Данқара ва дигар манотиқи вилояти Хатлон барои парвариши ҳосили баланди зироатҳо ва гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол аз майдони кишт мусоидат менамояд.