"ВАТАНДОРӢ" -- Ба экстремизми динӣ миёни ҷавонон роҳ надиҳем –-

"ВАТАНДОРӢ" -- Ба экстремизми динӣ миёни ҷавонон роҳ надиҳем –-

"ВАТАНДОРӢ" -- Ба экстремизми динӣ миёни ҷавонон роҳ надиҳем --

“Касе к–у меҳри Ватан надорад, имонаш коста аст”. Беимонро аслан бе ватану бе асл гўянд, балки бани одамӣ нагуяндаш. Зеро ватандорӣ аз як гӯшаи имондорист.  Беимон дар дил меҳр надорад, дӯстдорӣ надорад ва агар дошта бошад ҳам  сатҳӣ, рӯякӣ, сохта аст.

Ватандорӣ – аксуламалаш тобиши эҳсосоти инсонӣ аст, яъне дӯстдорӣ, меҳру сахо, эҳсосоти инсонии қалби дилогоҳ дар паҳное пош мехурад ва дар он ҷилои Ватан тобиш мехўрад. Дили саршори меҳр, вафо, садоқат, ишқи пок бояд дошт, то Ватандор бошӣ. Ватан – Модар аст, яъне гаҳвораи ҳастии инсонҳост, пойдории миллату давлат аст. Ба Ватан меҳр бастан шарти муҳими имондорӣ аст. Агар меҳр нест, ишқ нест, агар ишқ нест – ватандӯстӣ  нест, вафодорӣ нест. Сарчашмаи ҳамаи инҳо – имон аст, аммо худи имон чист?

             

  •             Кардам аз ақл савол – ин ки чӣ бошад имон?
  •             Ақл бар гўши танам гуфт, ки имон адаб аст.

 

Ҳақ ба ҷониби Мавлои Балх, Ҷалолуддини Балхї аст, ки бо фалсафаи ирфониасосаш имонро адаб арзёбӣ кардааст ва маҳз адаб – асоси тамаддун ва фарҳанги гузаштаю имрӯзи мост.

Оре, маҳз ҳамин адаб аст, ки бо зиндагии миллати куҳантамаддуни мо омезиш хўрдааст ва дар тўли қарнҳо адаб тоҷи сар омадааст.

Таърихи беш аз ҳазорсолаи мо бисёр роҳи пурпечутоб ва дар бисёр ҳолатҳо тоқатфарсоро ба мо боқї гузоштааст, ки то ҳол пандомӯзи имрӯзиён аст, то ҳол сабақомӯзи ашрофон аст. Донистани таърих агарчи он сангин аст ва ё пурпечутоб аст ё худ пандомӯз – ҳатмӣ ва зарур аст. “Таърих аз дигар фанҳо муътабар аст, агар мухтасар аст”.

Бузургворе фармудааст: “ба таърих бояд чун ба оинаи мошин нигоҳ кунем, яъне гоҳ – гоҳе, на ҳамеша ва на бояд атрофи он нишинем”. Дар ҳақиқат, таърих оинаи аъмоли одамон дар зиндагӣ аст, ки дар ҳама давру замонҳо воқеаҳоро инъикос кардааст.

Ҳар давру замон қонуниятҳои хоси худро дорад. Дар ҳар давр амале, равише ҷараён дорад, ки рӯёи хешро дорост. Ҳар амалеро мақсудест. Дар ҳар давру замон амали неки пандомӯзро қувваҳои бадӣ “дунболгиранд”, агарчи дар бисёр ҳолатҳо ноумеду русиёҳанд. Боиси таассуфи зиёд аст, ки имрӯз низ чунин думболагириҳо аёнанд ва алалхусус, миёни ҷавонон. Ҷавонон дар ҳар давру замон нерӯи пешбаранда, созандаю бунёдкор ва ояндадор ҳастанд. Кас ба азму талош, созандагию бунёдкорӣ, ватандорию меҳанпарастии ҷавонони давраи Истиқлол нигариста, ҳаловат мебарад, ба онҳо аҳсан мегўяд. Ҷавонон – насли ояндасоз ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва мебошанд. Соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон намудан ва пайваста дар пайёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар Рўзи сулҳ ва дониш баҳои баланд додан ба ҷавонон гувоҳ аз дастгирӣ ёфтани ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат мебошад.

Мутаассифона, вобаста ба ҷаҳонишавӣ, ки баъзе монеаҳоро дар раванди пешрафти давлатҳо ба бор меорад –ин афзоиши баъзе амалҳои номатлуб: нашъамандӣ, маводи муҳхадир, одамрабоӣ, одамфурўшӣ, амалиётҳои нопоки инсонӣ, хиёнат ба Ватан, гаравидан ба равияҳои гуногун, экстремизми динӣ миёни ҷавонон аҳён аҳён ба чашм мерасонанд.

Боиси шукр ва сарфарозист, ки дустдорону ҳаводорони миллат ва умуман тоҷикистониён дар ҳама ҳолатҳо буданд ва ҳастанд. Ин ашхос аз зумраи он ҳақҷӯён ва беғаразона аз нигоҳи ҳақиқату ростӣ, бо амри виҷдони пок, аз қалби саршори меҳри ҳақиқатрез довари ҳодисаю табаддулотҳо, созандагию ободкориҳо ва амсоли онҳо  мегарданд. Хушбахтона, ин ашхос ҳамеша дар лаҳзаҳои душвор аз ҳақиқатҳои пешин ёдрас мешаванду ҳамеша ба даҳони беназзораю беқурби ашхоси тангназар, сиёҳдилу тиразамир санг мезананд ва парешхўрии фитнаю иғворо монеъ мешаванд. Инро мо ҳамеша аз матбуоти даврӣ мебинему мехонем, ҳам мешунавем ва бешак ба ҳақгуӣ, шуҷоати онҳо аҳсан мегўем.   Зеро дар акси амалҳои дур аз ирфон, берун аз маҷрои маънӣ ин ашхос касро ба миллатдӯстӣ, ватандўстию ватанпарастӣ талқин менамоянд. Аммо аз рафтори кўрнамакона, нотавонбинона ва бемаънӣ  кас хиҷил мешавад. Инҷо бештар гаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва эктремизми динӣ миёнӣ ҷавонон аст. Аз мусулмон будани худ садҳо маротиба Худовандро шукр мегуем ва шукр мегуем, ки баҳри иҷрои суннатҳою амалҳои мусулмониамон дастгирии давлату ҳукумат ва шахсан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало дида мешавад. Беҳуда ҳам нест, ки Пешвои муаззами тоҷикони дунё яке аз 500 мусулмони шинохтаи олами ислом арзёбӣ гардидаанд. Ин ифтихори баланди тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳон-форсизабонон ва умуман мусулмонони олам аст:

  •                 Бо чунин фарзанди некупешаи пок  фахр мебояд кард,
  •                 Бо чунин доди Худовандӣ фахр мебояд кард.

Солҳои ҳукумати Шуравӣ пайваста матбуоти даврӣ дар эфир-дар саросари дунё садои дӯст ва бародари тоҷикон – тоҷикшиноси чех Иржа Бечкаро паҳн менамуд. Дар воқеъ ин олими дунявӣ–ҳолдони тоҷикон ҳамеша  тарғибгари фарҳанги оламгири тоҷикон буд. Аз пайравони ин профессори фахрӣ солҳои охир аз баъзе журналистони ҳақгӯ низ дар ин боб садо ба эфир мебарояд.

Владимир Соловёв яке аз журналистони шинохтаи рус аз зумраи ин афрод мебошад, ки ҳамеша аз тоҷикон пуштибонӣ менамояд. Ў нисбат ба тоҷикони азизи мо ва мардуми он ҳамеша бо меҳру самимияти хоса сухан менамояд. Дар яке аз мусоҳибааш дар ин боб ашхосеро, ки аз Тоҷикистони соҳибистиқлол шиква доранд, сахт маҳкум намуда, менависад: “Меҳоҳам ёдовар шавам, ки тоҷикон ба низоми давлатдории имрӯза баъди хунрезиҳо, баъди ҷанги шадиди  шаҳрвандӣ расиданд. Аз ин ҷанги хонумонсӯз муҳлати зиёде нагузаштааст ва ин ҷанги оддӣ набуд, ин даҳшат буд. Беҳуда нест, ки ҳар вақте дарк накардахусусияти давлат ва мардуми онро наомӯхта, ба сари онҳо сохти ночаспонро бор карданӣ мешаванд, ин ба неру гирифтани радикалҳо анҷом меёбад. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳодисаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандиро ин миллати барои мо бародар, ки дар ҳайати Иттифоқи Советӣ (собиқ СССР - муаллиф) мезист, аз сар гузаронид. Ман нисбат ба онҳо бо муҳаббати том муносибат мекунам ва бо эҳсоси миннатдорӣ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд меорам, ки ин мардум оилаҳои русу украин ва белорусро қабул карданд. Мо аз тоҷикон қарздорем. Зеро онҳо даҳшати ин ҷангро бо айби мо чашидаанд... Хиёнаткорон ҳанўз 8 декабри соли 1991 қарори барҳам хўрдани ИҶШС (Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (СССР) ва таъсиси ИДМ ро ба имзо расонида буданд ва давлатро пароканда намуда, назари онҳоро напурсиданд ва имкон надоданд, ки онҳо бо роҳи осоишта  аз ин вазъият бароянд”.

Чунин суханони саршори меҳру самимияти ҳақиқӣ аз ҷониби як тан ҳақиқатнигори рус нисбат ба мардуми куҳантамаддуни тоҷик ва фарҳанги он, боиси ифтихор аст. Ин дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои ҳимояи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик нақши муҳим дорад. Ин ақидаи журналист бешак давоми гуфтаҳои муҳақикони Ғарб аст, ки имрӯз пайдоиши тамаддуни дунявиро аз модҳо форсҳо медонанд. Ин ифтихори миллати куҳантамаддун аст, ки хазинаи маънавии оламиёнро сарчашма буда, бо маънавиёти ирфонии худ онро бой (ғанӣ) гардонидааст.

Бо ин ҳама бузургию ифтихор ва оламшумулӣ имрӯз боиси таассуф аст, ки қисме аз ҷавонон ва дигар ашхоси камолёфта (солор) ба гаравиданҳои бемаънӣ ва нохуш боиси нанги ҷавонон ва умуман, мардуми кишвари мо мегарданд. Маҳз ҳамин аст, ки имрӯз экстремизми динӣ миёни ҷавонон аҳён аҳён ба чашм мерасад. Ин аз ҷониби баъзе ашхоси камсавод  ва ё гумроҳ ба вуқўъ меояд. Пешгирии чунин амалҳо вазифаи фарзии ҳар як шаҳрванди боақлу бозаковат, алалхусус,  омўзгорон ва донишҷӯёни макотиби олӣ ва умуман, муҳассилин мебошад. Албатта, боиси хушнудист, ки он роҳгумзадаҳо миёни муҳасиллин-донишҷӯёни мо нестанд, вале ин моро таскин намебахшад, бояд мо дигар ҷавонон – ононеро, ки дар деҳоту ноҳия, дар шаҳр ё муҳоҷирати муваққатӣ ҳастанд, ба роҳи рост ҳидоят намоем, зеро ҳамаи онҳо пайвандони мо ҳастанд. Ба онҳо омўзем, то ба макри  гирдоби ашхоси бегона ва идеологияи барои мо нолозим – зараровар ворид нагарданд. Тавре медонем, мақсади он афроди дур аз мазҳабу тамаддуни мо дар охири кор ин барҳамзании фарҳанги мо аст. Ин бошад, хавф ба ҳастии миллат, побарҷой будани миллату давлат аст. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки чунин иброз доштаанд: “...Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст”.

 

Шарипов М.А. – номзади илмҳои ветеринарӣ, мудири кафедраи тибби байтории Донишгоҳи давлатии Данғара, узви  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.