АБАРМАРДИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРЗАНДИ БАРӮМАНДИ МИЛЛАТ – ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АБАРМАРДИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРЗАНДИ БАРӮМАНДИ МИЛЛАТ – ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имсол, аз он рӯзе, ки фарзанди барӯманд ва далеру қавииродаи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифт, расо 31 сол сипарӣ гардид. Дар айёми басо ҳассос ва барои халқи Тоҷикистон тақдирсоз дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки он ояндаи миллат ва давлатдории моро муайян намуд. Фарзонафарзанди далеру шуҷои халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар давраи таърихӣ ва сангине масъулияти гарони ҳокимиятро ба дӯши худ гирифт, ки хавфу хатари аз байн рафтани миллате бо номи тоҷик аз миёни милали мухталифи сайёра дар пай дошт. Кофи Аннан – собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, ки: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳофарӣ гуфтан иштибоҳ намешавад». Бо шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои созандае, ки дар Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири оштии миллӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти минбаъдаи кишварамон тарҳрезӣ шуда буданд, дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ ҷомаи амал пӯшиданд. Роҳбари ҷавон, вале нерӯманду умедбахш ва сулдӯсту сулҳсози тоҷикон дар таъсиси ҳокимияти конститутсионӣ ва таъйиди принсипҳои ташаккул ва фаъолияти сохтору ниҳодҳои ҳукумат аз боло то ба поён бо такя ба орзуву ормонҳои мардум ва сабақҳои таърихӣ, бо таҳлил ва назари нек ба таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ, бо ҳамкориҳои судманд ба соири кишварҳои ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ, ба хусус, Созмони Милали Муттаҳид муваффақ бар он гардиданд, ки низоми густардаи давлатдориро бо фароҳам овардани замина ва муҳити мусоиди ҳуқуқӣ устувор намоянд. Дар ин радиф Аҳмадшоҳи Масъуд – қаҳрамони миллии Афғонистон барҳақ зикр доштаанд, ки «ман имрӯз роҳбари кишвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст, зери тиру туп, барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем». Ба туфайли ибтикороти Пешвои миллат барои ташаккули низом ва ниҳодҳои мутамаддини иҷтимоӣ ва рушди босуботи иқтисоди кишвар шароити муносиб фароҳам омад ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии давлат ва ҳукумат дар меҳвари фаъолиятҳои тамоми шохаҳои ҳокимият қарор гирифт. Албатта, чунин ибтикороти фарзанди баруманди тоҷик аз ҷониби ҷомеаи башарӣ, махсусан дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ мадди назар шуда наметавонад. Чи тавре, ки Ҷорҷ Буш – собиқ Президенти ИМА иброз медорад: «Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу давлаташро аз варта наҷот диҳад вай дар муддати начандон тулонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд...» Таҳти сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гузоштани заминаи боэътимод ва таъмини рушду тараққиёти устувор дар кишвар як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимми стратегӣ ба тасвиб расонида шуданд, ки бозгӯйи дастовардҳои ҳаётан муҳими сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат мебошанд. Владимир Путин – Президенти Федератсияи Русия ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатро дар ҷодаи созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ чунин ба қалам медиҳад: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмим ва ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Дар ҳар марҳилаи таърихӣ пойдории суботи сиёсӣ, таҳия ва қабули барномаҳои стратегӣ баҳри ислоҳоти иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои нави бозоргонӣ яке аз тадбирҳои муҳим дар рушди босуботи минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсии мамлакат ба шумор меравад. Си Ҷин Пин – Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чунин шарҳ медиҳад: «Шумо пешвое ҳастет, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад». Дар ин замина бо татбиқи барномаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар фазои мусоиди сармоягузорӣ ба вуҷуд омад ва тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат дар таъмини зиндагии шоистаи мардум марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд. Корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назари собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман Нараянан дур намонда, баҳогузории ӯ ба шуҷоату матонати фарзанди қобили миллати тоҷик чунин аст: «Моро кушишҳои хастанопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳад овард». Ба туфайли татбиқи барномаи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, ҳадафи дигари стратегии давлат ҳаллу фасли худро пайдо намуд. Имрӯз дар саросари кишвар роҳҳои мутобиқ ба стандартҳои байналхалқӣ сохта ба истифода дода шуд, ки робитаҳои гуногунҷанбаи минтақаҳои кишварро дар чор фасли сол таъмин менамоянд. Чингиз Айтматов – нависандаи номовари қирғиз дар ёддоштҳояш аз хисоли Пешвои миллат ёд карда, чунин ибрози андеша менамояд: «Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургмард бо зинда кардани номҳои гузаштагони миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷиву фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст». Дар баробари пешравиҳои мунтазам стратегияи рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саноатикунонии кишвар пайванди зич дорад ва он ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар роҳ кушода, барои равнақи савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Илҳом Алиев – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон манзараи рушди давлатдории тоҷиконро ба риштаи таҳлил кашида, чунин менигорад: «Имрӯзҳо Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва бунёдкории фарҳангӣ дилпурона қадам гузошта, ба диёри шукуфон табдил ёфтааст ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалат гардидааст». Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатии худро бо аксари кишварҳои ҷаҳон барқарор намудааст ва Истиқлолияти давлатии кишвари моро беш аз 160 давлат расман эътироф кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси сарвари оқилу хирадманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти бисёре аз ташкилоту созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Машварати ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА), Долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё (ТРАСЕКА), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) ва Фонди байналмилалии наҷоти Арал (МФСА) шомил гардидааст.

Инчунин бо ташаббус ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 31-соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ ва аксарияти давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, давлатҳои Осиё, Шарқи Наздик ва Миёна, давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ, Хитой ва Ҳиндустон робитаҳои бевоситаи мутақобилан судманди иқтисодӣ барқарор намудааст. Дар ин раванд кишвари мо аз арзишҳо ва манофеи миллии худ дифоъ намуда, назари худро оид ба мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ баён месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли онҳо ба миён мегузорад. Собиқ Президенти Сенегал Абдулей Ваде дар симои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти дурандешу қобилро дида, чунин мулоҳиза меронад: «Тоҷикон мардуми хушбахту хуштолеъ буданд, ки Парвардигори олам ба онҳо чунин як марди асили донову кордон ва ҳалиму меҳрубонро ҳамчун сарвару сарпараст арзонӣ доштааст». Асоси чунин пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва муътадилии вазъи сиёсии мамлакат ба тадбирҳои муҳим ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат вобастагии қавӣ дорад. Расул Ғамзатов – шоири халқии Доғистон мефармоянд: «Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад». Бо нукоти болозикри шоири шаҳири доғистонӣ Расул Ғамзатов матлабро ҷамъбаст карда, зикр менамоем, ки агар дар хусуси дастовардҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матолиб мунташир гардад, шоҳасарҳо бо чандин муҷаллад иншо хоҳад шуд. Корномоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат, ки дар ин ҷо чанде аз онҳо мавриди зикр қарор гирифтаанд, қатрае аз баҳр мебошанд.

Рӯзи Президент муборак тоҷикон ва тоҷикистониёни азиз!

 

  • Қудратзода П.Қ. 
  • номзади илмҳои иқтисодӣ, декани
  • факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Данғара