ИШТИРОК ВА МУВАФФАҚИЯТИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ “ДОНИШ ВА НАВОВАРӢ БАРОИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ”

ИШТИРОК ВА МУВАФФАҚИЯТИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ “ДОНИШ ВА НАВОВАРӢ БАРОИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ”

Санаи 25.10.2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фестивали “Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот доир гардид, ки дар он сардори маркази ҳунарҳои мардумии Донишгоҳи давлатии Данғара Ҳаётова Мавлуда ва дӯзандаи маркази зикргардида Раҳматзота Озодаи Назар ширкат варзиданд.

Дар фестивал зикр гардид, ки бо мақсади дастгирии ташаббуси таъсиси грантҳои Президентӣ дар вилоят қарори раиси вилоят аз 26-уми феврали соли 2021, № 47 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расидааст, ки соли 2023 21 грант дар ҳаҷми 250 000 сомонӣ таъсис дода шудааст ва ҳамасола ба бонувони соҳибкор пешниҳод карда мешавад.

Дар хотимаи фестивал, дар маросими тантанавӣ Раҳматзота Озодаи Назар ғолиби грант дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва шаҳодатнома ва Ҳаётова Мавлуда бо сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.