БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР РАВАНДИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ РАҚОБАТПАЗИР

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР РАВАНДИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ РАҚОБАТПАЗИР

“Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо ҳайати профессорон, кормандон ва омӯзгорони факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрӣ фаъолияти таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявии факултет мавриди таҳлил қарор гирифт. Аз ҷумла, дар *самти таълим* оид ба иҷрои талаботи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ, ҷараёни таълим ва таъмини сифати таҳсилот, ҳуҷҷатгузории садорати факултет ва воҳидҳои сохтории он вобаста ба таълим дар доираи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, давомоти донишҷӯён, дар *самти илм* оид ба вазъи ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби омӯзгорон, фаъолияти маҳфилҳои назди кафедраҳо ва ҷамъияти илмии донишҷӯён, кор бо донишҷӯёни ихтироъкору навовар, омодасозии донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ, китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар *самти тарбия* оид ба риоя талаботи “Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, баргузории соатҳои тарбиявӣ, ҳуҷҷатгузории кураторони гурӯҳҳои академӣ, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорону кормандон дар самти татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, дар *самти хоҷагидорӣ* оид ба тозагию зебосозӣ дар утоқҳои корӣ, синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ, бақайдгирӣ, ҳифзи амвол ва дигар масъалаҳои марбути фаъолияти факултет баррасӣ гардид. Зимнан таъкид шуд, ки бо фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 дар кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиааст, ки садорати факултет ва кафедраҳои зертобеъи онро мебояд дар самти татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҷаҳду талош намоянд.

📌Дар хотима, ректори донишгоҳ баҳри бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор карда, бобати фаъолияти самарабахши таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.