ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!

Санаи 14 - уми сентябри соли 2023, соати 15:00 омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара САЪДУЛЛОЕВА МУРОДГУЛ ФАЙЗИБЕКОВНА​ рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Хусусиятҳои ғоявӣ, жанрӣ ва сабкии ашъори бачагонаи Латофат Кенҷаева» аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ, зери роҳбарии доктори илми филология, декани
факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бо муваффақона дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.