ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!

Санаи 13-уми сентябри соли 2023, соати 13:30 омўзгори кафедраи рўзноманигонии Донишгоҳи давлатии Данғара ШАРОБОВА МАҲБУБА ҚУРБОНМУРОДОВНА рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Мавқеи жанри ғазал дар эҷодиёти Ашур Сафар» аз аз рӯи ихтисоси 10.01.04 – Таърихи адабиёт, равобити адабӣ, зери роҳбарии доктори илми филология, профессор, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара Саидҷаъфаров Озод Шовалиевич дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-069 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо муваффақона дифоъ намуд. 

Раёсати донишгоҳ муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.