ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!

 

Санаи 1-уми июли соли 2023, соати 14:00 унвонҷӯи кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара САИДОВ ФАХРИДДИН МУМИНОВИЧ рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Маҳсулнокии навъҳои картошка вобаста ба меъёри истифодаи нуриҳои органикию минералӣ дар шароити водии Ҳисор» аз рўйи ихтисоси 06.01.01 – зироаткории умумӣ, растанипарварӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори кафедраи меваю сабзавотпарварӣ ва токпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Ахмедов Турсунбой Абдуллоевич дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-065 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  бо муваффақона дифоъ намуд.  

Раёсати донишгоҳ муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.