ПАЁМ – ДАСТУРИ РОҲНАМО БАҲРИ ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТӢ ВА РУШДИ НЕРӮИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН

ПАЁМ – ДАСТУРИ РОҲНАМО БАҲРИ ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТӢ ВА РУШДИ НЕРӮИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН

ПАЁМ – ДАСТУРИ РОҲНАМО БАҲРИ ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТӢ ВА РУШДИ НЕРӮИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022)
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободонию созандагӣ, пешрафту тараққиёти мамлакат ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати саҳмгӯзорӣ дар рушду нумуи кишвари азизамон нақши муассир дорад.
Метавон гуфт, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамоест дар таҳкими тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар аснои олам. Яке аз паёмадҳое, ки дар Паёми навбатӣ роҳандозӣ гардидааст, ин таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ба хусус баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии мебошад.
Оид ба мантиқи болозикр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки: “... танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асостарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ маҳфумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд” – ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
... ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.
Зеро он давлат ва миллате ба ҳадафҳои олии ватанпарварӣ, ватанпарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ мерасад, ки насли ҷавони он дорои тафаккури зеҳнӣ ва ахлоқии комилу тавоно дошта бошад ва тавонад, ки бо тамоми роҳу воситаҳо арзишҳои миллии хешро дар тафаккури ҷавонон ҷой дода бошад.
Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Ватанпарсатӣ арзиши муқаддас аст ва аз ҳама унсури муҳимми тарбия маҳсуб меёбад, ки он дар мафҳумҳои зодгоҳ, диёр, кишвар, сарзамин, Ватан ифода мегардад. Унсурҳои дигари тарбия бо ҳамин унсури тарбия иртибот дошта, садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш ифода менамояд.
Замони Истиқлолият давраи сифатан нави фаъолияти ҷавонон ва наврасонро дар самти таҳким бахшидани пояҳои маърифативу ҳуқуқӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд. Ба хусус, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангии миллат яке аз самтҳои асосии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар баробари бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба масъалаи таълиму тарбия ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир намуда, бо мақсади ташаккули инсони фаъолу созанда силсилаи ҳуҷҷатҳои бунёдиро аз қабили «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватанпарастӣ”, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон» марҳила ба марҳила қабул гардид, ки иқдоми хубе барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстивӣ маҳсуб мегардад.
Тарбияи ватанпарастӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мебошад ва дар назди омӯзгорон вазифаҳои муҳимро ба пеш мегузорад. Тарбияи ватанпарастӣ дар асоси самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, ки дарк намудани хусусиятҳои маърифатии сарчашмаҳои илмию таърихӣ, инкишофи маданият, дарки моҳияти Ватан, тақдири он, ифтихор аз гузаштагон ва шахсиятҳои маъруф, омӯзиши таърихи ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули сифатҳои масъулияти ҳарбӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баҳри ҳимоями ватани худ аз хатархои берунӣ, дарки хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаву суннатҳои мардуми худ ифода меёбад;
- ба роҳ мондани омӯзиши ашъори панду ахлоқии адибони классик ва муосири тоҷик ва инчунин асарҳои насрии фарогирандаи мавзӯъҳои ватанпарастӣ, ва рафоқатпазириву сулҳпарварӣ;
- ба роҳ мондани таълиму омӯзиши таъриху фарҳанги қадима ва имрӯзаи миллати тоҷик ва миллату давлатҳои дигар;
- ташкили намоиши китобҳои ҷанбаи тарбияи ватанпарастӣ дошта;
- ташкил намудани мизҳои мудаввар, муколаммаву мубоҳисаҳо дар мавзӯи ватанпарастӣ;
- ташкил намудани саёҳатҳо, ташриф намудан ба осорхонаҳо, театру нигористонҳо, дидан намудан аз мавзеҳои таърихиву фарҳангии кишвар;
- бо иштироки ҷавонон барпо намудани викторинаҳо, мизҳои мудаввар дар атрофи мавзӯи ватанпарастӣ ва дар ин замина инкишоф додани малакаҳои муоширатии ҷавонону наврасон;
- тақвият додани ҳамкориҳо бо падару модарон, қӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, варзишӣ.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамояд, ки ҷавонон нерӯи фаъолу созандаи ҷамеаро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан, вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзоёни ҷомеа, бахусус падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди равшандил аст.
Аз ин рӯ, ҷавонону наврасони мамлакатро мебояд ба он водор кард, ки ба дарки амиқи ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳи авалиндараҷа зоҳир намуда, масъулият нишон дода, ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз беш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона созанд, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки дар ҷомеа сазовори мавқеи арзанда гардида, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкоронаи худро дар рӯҳияи ватанпарастиву хизмат ба миллати хеш пайваста густариш диҳанд.
Мудири шуъбаи тарбия, Холов Рамазон Раҷабалиевич