Кафедраи рӯзноманигорӣ

  • Олимиён Сабрина Шамсулло
  • номзади илмҳои филология
  • И.в. мудири кафедраи рӯзноманигорӣ
  • 03.04.1993 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: journalist2020@mail.ru 
  • Тел: (992) 908878874
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б 4/401

 

Олимиён Сабрина Шамсулло - И.в. мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара. 3-юми апрели соли 1993 дар н.Данғара ба дунё омадааст. Соли 2010 ба шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 бо ихтисоси Иттилоот ва робита бо дипломи аъло хатм намудааст. Олимиён Сабрина Шамсулло - номзади илмҳои филология буда, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Нақши матбуоти даврии тоҷик дар тарғиби фарҳанги миллӣ  (дар мисоли нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Озодагон” ва “Миллат”, солҳои 2010-2015” соли 2022 бо муваффақият дифоъ намудааст.

 

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 2016-2019 – аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2018-2019 – саркитобдори шӯъбаи библиографияи илмии Китобхонаи марказии илмии ба номи И. Гандии АИҶТ;
  • Аз 2.02.2019 то 28.08.2019гг. – мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ дар Муассисаи давлатии К.Ф.Ҷ ба номи П. Буйдоқов;
  • Солҳои 2019-2021 – ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2021-2022 –  омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2022-2023 – И.в. мудири кафедраи  рӯзноманигорӣ ва телекомуникатсияи Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Аз 1-уми майи соли 2023 то ба ҳол иҷрокунандаи мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара. 

 

  • МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА
  • Кафедраи рӯзноманигорӣ навтаъсис буда, аз моҳи сентябри соли 2021 бо номи рӯзноманигорӣ, телекоммуникатсия ва радиошунавонӣ таъсис ёфта, аз моҳи апрели соли 2023 номи кафедра ба рӯзноманигорӣ иваз карда шудааст.
  • Дар кафедраи рӯзноманигорӣ тибқи воҳиди штатӣ 5 нафар омӯзгор кору фаъолият менамояд, аз ҷумла як нафар номзади илмҳои филология  4 нафар ассистентон.
  • Рӯйхати кормандони штатии кафедра:
  • Олимиён С.Ш. - и.в. мудири кафедра, номзади илмҳои филология;
  • Ҷурақулзода У.Ш. - ассистент;
  • Шаробова М.Қ. - ассистент;
  • Анбиева Р.Р. - ассистент;
  • Валиева Ф.Б. - ассистент.

 

  • Соли таҳсили 2022-2023 дар кафедра 10 ҷаласа гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои муҳимми фаъолияти кафедра оид ба раванди таълим дида шуд. Нақшаҳои инфиродии омӯзгорон, нақшаҳои солонаи кафедра, тақсимоти сарбории омӯзгорон ва ғайра тартиб дода шуд. Дар охири соли таҳсили 2022-2023 нақшаҳои инфиродии омўзгорони кафедра зери назорат эътибор гирифта, ҳисоботҳои онҳо қабул карда шуданд. Дар асоси ҳисоботи омӯзгорон ҳисоботи кафедра ҷамъбаст карда шуд.
  •  
  • Ихтисосҳои зертобеи кафедраи рӯзноманигорӣ:
  • 1-230108-рӯзноманигорӣ

 

Номгӯи фанҳои таълимӣ дар кафедра

       №

             Номгӯйи фанҳои талимӣ

 

Бахши фан

Семестр

Шакли имтиҳон

   1

Асосҳои  фаъолияти эҷодии журналист

     Ҳ

     2,3,4

Хаттӣ-шифоҳӣ

   2

Муқаддимаи ихтисос

     Ҳ

      2

Хаттӣ-шифоҳӣ

   3

Асосҳои журналистика

     Ҳ

     1,2,3

Тестӣ

   4

Журналистикаи радио

     Ҳ

       2,4

Хаттӣ-шифоҳӣ

   5

Журналистикаи хориҷӣ

     Ҳ

        4

Хаттӣ-шифоҳӣ

   6

Забон ва услуби ВАО

     Ҳ

        1

Тестӣ

   7

Назария ва амалияи журналистика

     Ҳ

      3,4

Тестӣ

   8

Интернет-журналистика

   ФИ.Б2

       3

Хаттӣ-шифоҳӣ

   9

Хадамоти матбуотӣ

   ФИ.Б2

       3

Хаттӣ-шифоҳӣ

  10

Маҳорати журналистӣ

   ФИ.Б2

       4

Эҷодиву маҳорат