Факултети муҳандисӣ ва меъморӣ

                                                                                                                                                                                                                                                          

                                                                                                                           Олимов Раҳмоналӣ Амоналиевич

                                                                                                          декани факултети, номзади илмҳои химия, дотсент

 

МАҚСАДИ МО- Бевосита таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намудан  ба сифати омода кардани мутахассисон дар соҳаи муҳандисӣ, насоҷҷӣ, лоиҳакашӣ, электроника, дизайн ва барномасозони ҷавобгӯ ба бозори озоди меҳнат мебошад. 

ФАКУЛТЕТ ДОРОИ 4 КАФЕДРА МЕБОШАД:

  • 1. Таъминоти барқ
  • 2. Муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ
  • 3. Сохтмон ва зебосозии шаҳру деҳот
  • 4. Информатика ва телеккомуникатсия

  Маълумоти оид ба теъдоди омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

     Теъдоди аспирантону унвонҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултет

   Ҳимояҳои рисолаҳо аз рӯи ихтисос дар факултет (соли таҳсили 2022-2023)

       Синну соли ҳайати омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

         Номгӯи ихтисосҳо ва равияҳои факултет дар соли таҳсили 2022-2023

                  Теъдоди донишҷӯёни факултет дар соли таҳсили 2022-2023

КОНФЕРЕНСИЯ, СЕМИНАРҲО, КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ФАКУЛТЕТ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023

  •       Дар соли 2023 ҳайати устодону кормандон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни факултет дар раванди иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба муваффақиятҳои муайян ноил гардиданд.         
  •       Факултети муҳандисӣ ва меъморӣ ҳамчун ҷузъи сохтори Донишгоҳи давлатии Данғара  дар амал ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи техника ва технология, соҳаҳои гуногуни сохтмон, мутахассисони соҳаи гидротехника, энергетика, зебосозии шаҳр сохтмони деҳот  ва соҳаҳои геолгия, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара тайёр карда мешаванд, мутасаддӣ буда, барои расидан ба мақсадҳои стратегии номбурда аҳли кормандон ва донишҷӯёни факултет сафарбар менамояд. Зимни иҷрои вазифаҳои номбурда, садорати факултет  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, Қарорҳои Шӯрои олимон, фармон ва фармоишҳои ректори донишоҳ  ва дигар санадҳои ба таъсилоти олӣ вобастаро ба асос мегирад ва бевосита иҷро менамояд.
  •        Садорати факултет низоми ягонаи гузаронидани таҳлилҳои ва мониторинги санҷиши сифати машғулиятҳо, баҳогузории донишҳои касбӣ ва амсоли онҳоро бо назардошти дастовардҳои марҳилавии донишҷӯён меомӯзад ва дар ин раванд вобаста ба ихтисос ва равияҳо муаррифиномаи касбиро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд ва маълумотро ба раёсати таълим ва идораи сифати таҳсилот пешниҳод менамояд.
  •        Натиҷагирӣ ва баҳогузории рейтингӣ оид ба фаъолияти таълимӣ-методии кафедраҳо самти дигари иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотиро, ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ-оммавӣ ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳ конференсияҳо, машваратҳо ва семинарҳо маъмулан дар асоси нақшаи аз ҷониби Шурои олимони донишгоҳ тасдиқгардида гузаронида мешаванд. Дар нақшаи соли 2023, 1  семинару 1 конференсия донишгоҳӣ пешбинӣ шуда буд. Мутасаддии конференсияи донишгоҳии илмию назариявиро садорати факултет ва кафедраи муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ ба уҳда дошт.
  •        Фаъолияти Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар факултет ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад. Дар маҷмуъ дар факултет 4 маҳфили илмии донишҷӯён амал мекунад, ки фаъолияташон соли ҷорӣ дар қиёс ба солҳои қаблӣ ғайриқаноатбахш гардидааст. Фаъолияти ҶИД аз нигоҳи ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмӣ ва семинару конфронсу машваратҳои гуногуни илмӣ ниёз дорад.
  •        Барои мустаҳкам намудани робитаи олимони факултет бо олимону пажeҳишгарони донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои илмии кишвар бомуваффақият идома ёфта, як қатор олимони соҳавии манфиатбахш бо ба факултет ҷалб гардиданд. Яке аз усулҳои асосии муаррифӣ намудани дастовардҳои илмии олимон дар сатҳи байналхалқӣ ин иштироки пайвастаи онҳо дар омода чоп ва истифодаи китобҳо маҳсуб мегардад.  Дар ин самт фаъолияти устодони факултет хеле назаррас ба ҳисоб мераванд.
  •       Аз ҷониби ҳайати омӯзгорони факултет доир ба тамоми фанҳои таълимӣ барномаҳои намунавӣ, силлабусҳо (барномаҳои васеи корӣ), матни васеи дарсномаҳо (курси мухтасари лексия), бонки саволҳои тестӣ, мавзуъҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯй таҳти роҳбарии омӯзгор дар шакли электронӣ мураттаб гардиданд. Ҳамзамон ҷиҳати бештар рӯ овардани донишҷӯён ба хондани китоб тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст. 
  •       Соли 2023 барои ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети муҳандисӣ ва меъморӣ соли пурмаҳсул ва сермасъулият буд. Дар соли равон ҳайати устодону кормандон ва донишҷeён дар муқоиса бо солҳои гузашта дар бисёр самтҳои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳамаи ин комёбиву муваффақият дар самти иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз он шаҳодат медиҳат, ки таваҷҷӯҳ ва рӯоварӣ ба корҳои илмӣ, ки омили асосии рушду тарққиёти ҳаёти иқтисодию иҷтимоист, сол то сол дар ҳоли густариш аст. Аз ҷониби дигар, дастгирии ҳамаҷонибаи илм аз тарафи раёсати Донишгоҳ ба пешрафту самаранок гардидани корҳои илмӣ дар факултет мусоидат намуда истодааст. 

 

ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН:

Таҷрибаомӯзиҳо тибқи нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ дар ҶСП  «Ҷжунтай Данғара Син Силу текстил», ҶДММ корхонаи дӯзандагии «Файзи карим» ва ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб»  ба роҳ монада мешавад. Инчунин дар пояи донишгоҳ барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо сехи дӯзандагӣ ва Маркази таълимӣ-тренингии муди "Чаманоро" низ фаъолият намуда истодааст. Донишҷӯёни факултет дар самтҳои гуногун фаъолияти таҳқиқоти илмӣ намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими корҳои таҳқиқотии илмии донишҷӯёнро дар давраи иштирок дар намоиши дастовардҳои таълимӣ-зеҳнӣ ва бо маърӯза баромад намудани онҳо дар конференсияҳои дараҷаҳои гуногун ташкил медиҳад.

 

  • КИТОБҲОИ ТАҲИЯШУДА АЗ РӮИ ИХТИСОС:
  • 1.Синтези органикӣ. Олимов Р.А.,   Раҷабов С.И., Исозода Д.Т.– Душанбе. «Эр-граф»-2021. 327 с.  
  • 2.Химияи органикӣ. Олимов Р.А., Раҷабов С.И., Олимов А.Р.– Душанбе. «Эр-граф»-2020. 247 с.
  • 3.Об – Муъҷизаи ҳаётбахш. Олимов Р.А., Раҳмонов М.Ф., Алиев Ф.А., Саидов А.И. – Душанбе. «Эр-граф»,-2020. 171
  • 4.Кимиёи узвӣ. Олимов Р.А., Обидов Дж.М. –Душанбе. «Эр-граф»,2016. 425 с.
  • 5.Органический синтез на основе глицерина. Олимов Р.А., Тагаева С.Э.,  Каримов М.Б. –Душанбе. «Эр-граф», 2021. 119 с.

 

 СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҲАЁТИ ФАКУЛТЕТ:

 

Консепсия

оид ба татбиқи идораи тағйиротҳо ва навгониҳо дар раванди дастгирии донишҷӯёни факултет дар соли таҳсили 2022-2023 дар раванди амалисозии «Барномаи рушди босуръати Донишгоҳи давлатии Данғара барои соли таҳсили 2021-2022 ва масъалагузориҳо то соли 2025»

Донишҷӯёни гиромӣ, Садорати факултет бо мақсади дастгирии ҳар яки Шумо дар алоҳидагӣ вобаста ба қобилият, рағбат, шавқу боварӣ ба худ,  ёрии амалӣ мерасонад.

КОНСЕПСИЯ - PDF

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби бештари донишҷӯдухтарон ба касбомӯзӣ ва дар Донишгоҳи давлатии Данғара эълон гаштани соли таҳсили 2022-2023 - Соли таҳсили муваффақона, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барномасозии компютерӣ ва дар як вақт расонидани ёрии амалӣ ба падару модар зимни баланд бардоштани сифати ҳаёт бо истифода аз имкониятҳои Маркази рушди зеҳнӣ, балоравии касбӣ садорати факултети Муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ дар якҷояги бо Раёсати донишгоҳ ҳамчун қадами аввали мустақилияти ҳаёт аз нигоҳи боварӣ ба нерўи беназири ҳар як донишҷӯ дар асоси Биржаи озоди меҳнат ва рушди соҳибкории донишҷӯён дар як вақт 57 нафар донишҷӯён (аз он 21 нафар донишҷӯдухтарон)-и соҳаҳои нассоҷию дизайнериро бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои назарявӣ-амалӣ, баланд бардоштани сатҳи уобилияти касбӣ, сайқал додани малака, маҳорат ва нерӯи зеҳнии донишҷӯён тибқи шатрномаи тарафайн дар Ҷамъияти саҳомии пушидаи Ҷунтай Данғара Син-Силу текстил бо ҷойи кор (дар як моҳ бо маоши 1200 сомонӣ) таъмин намуданд.

http://dsu.tj/Content/files/d3ab015a-091f-467a-95e7-113bccfbee3f.png http://dsu.tj/Content/files/3a20ce3d-a293-49ad-b55a-4ec8ce529731.png
http://dsu.tj/Content/files/d673300e-c728-42c5-bb91-d0caaa5d2f78.png http://dsu.tj/Content/files/753fd98b-1eca-4e15-be9e-dac406130529.png
http://dsu.tj/Content/files/6cea4670-c2f5-489e-abcf-e5d673881dcf.png