Шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот

    Музафарзода Даврон

    Шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот
    номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент
    E-mail: muzafarov.davron@mail.ru
    Телефон: +992 907-777-602

 

  Минбаъд муассисаи таҳсилоти олиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монад, таҷрибаи байналмилалиро омӯзонад, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонад ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намояд.
Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
            

Дар самти банақшагирӣ, ташкил ва такмили корҳои таълимию методӣ сохтори шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот мақоми хоса дорад. Аз оғози фаъолияти Донишгоҳ ба мақсади танзими корҳои таълимию методӣ, ташкил ва идоракунии фаврии ҷараёни таълим, банақшагирӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии донишгоҳии раванди таълим ин сохтор фаъолияташро ба роҳ мондааст. Ҳоло дар сохтор ва зерсохторҳои шуъбаи мазкур 9 воҳиди корӣ: сардори шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот, сарнозир-танзимгари кор бо нозирони факултетҳо ва кафедраҳо, ҳамоҳангсози идораи ҳукумати электронӣ, нозир-ҳуҷҷатнигор оид ба таъмини бехатарии иттилоот ва омор, эксперти идрорпулии донишҷӯён, мушовир-эксперти татбиқи модели таҷрибаи ҷаҳонии сифати таҳсилот, ҳамоҳангсози кор бо омӯзгорони даъватшуда аз дигар таълимгоҳҳо, танзимгари марказӣ, менеҷер-эксперти ҳукумати электронӣ, тарғибгар ва ҳамоҳангсози кор бо МТОК, сардори сектори мониторинги сифати таҳсилот, менеҷери маркази бақайдгирӣ ва СISCO, менеҷер-барномасоз, тренер-тютери маркази бақайдгирӣ дар танзими масоили ҷараёни таълим муваззаф гардиданд. Фаъолияти шуъбаи мазкур, ки дар кори худ бевосита ба проректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот итоат мекунад, барои татбиқи қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ», «Консепсияи миллии маълумоти ҶТ», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ», «Оинномаи Донишгоҳ», низомномаҳои соҳавӣ, фармоишҳои ректор, қарорҳои Шӯрои олимон ва шӯрои илмию методӣ, ки ҳама самту мундариҷаи ҷараёни таълимро инъикос менамоянд, нигаронида шудааст. Метавон гуфт, ки таҳияи таснифоти номгӯйи тахассусҳо, муайян кардани фанҳои таълимии кафедраҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, ҷадвалҳои раванди таълим, машғулиятҳои дарсии ҳама шаклҳои таҳсил, таҳияи лоиҳаи фармоишҳо ва хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатм, таҳлили давомот ва ҳаракати донишҷӯён, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи усул ва шеваҳои нави таълим, такмили сифати таҳсилот ва татбиқи низоми таҳсилоти кредитӣ, банақшагирӣ ва назорати иҷрои сарбории таълимии ҳайати профессорон ва омӯзгорон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ, педагогӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ самтҳои афзалиятноки кори ин ниҳодро ташкил медиҳад.

Бо ташаббуси шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои тахассусии факултетҳо нақшаҳои таълимии намунавии дараҷаи бакалаврат аз рӯи 30 ихтисос (бо назардошти ба 24 соат баробар будани 1 кредит) тибқи талаботи ҳадди аққали мазмун ва мундариҷаи Стандарти давлатии маълумоти олии касбии ҶТ таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ гардида, ба мавқеи иҷро вогузор карда шудаанд.

Айни ҳол шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот бо ҷалби мутахассисон аз ҳисоби кафедраҳои тахассусӣ фаъолияти мустақими худро ба таҳияи нақшаҳои таълимии намунавии 41 ихтисоси нав, ки аз рӯи онҳо донишҷӯён дар соли таҳсили 2017-2018 ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, равона кардааст.

Раёсати Донишгоҳ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти сохтори мазкур ва ҷараёни таълим баҳри барқарор кардани анъанаҳои самаровари таълимию методӣ дар доираи ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои пешқадами кишвар ва хориҷа қарордодҳои дуҷониба баста, ҷиҳати ҷуброни касрати кадрӣ ва беҳтар гардонидани сифати таҳсилот мутахассисону олимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро ба сифати устодони ҳамкор ва соатбайъ ҷалб менамояд.

Вусъати доираи мутахассистайёркунии Донишгоҳро шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот таҳлил намуда, рақамҳои зеринро нишон медиҳад. Чунончи, агар 389 нафар дар соли таҳсили 2014-2015 ва 441 нафар дар соли таҳсили 2015-2016 Донишгоҳро хатм карда бошад, пас ин арқом мувофиқи хатми чашмдошт дар соли таҳсили 2016-2017 ба 469 нафар мерасад.