Маркази иттилоотӣ ва тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии " Амри вақт"-и донишгоҳ

   

   Ниъматов Салоҳиддин Наурович
    Сардори маркази иттилоотӣ ва тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии " Амри вақт"
    Саромӯзгор
    E-mail: safina9@mail.ru
    Телефон: +992 93 516 18 13

 

Маркази таълимӣ-иттилоотӣ ва тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии “Амри вақт”-и Донишгоҳи давлатии Данғара, яке аз бахшҳои хоса зарурии таълимгоҳ маҳсуб мешавад.Бо таассуроти ҷолиби барномаҳои шуниданию намоишӣ қобил бо он аст, ки дар ниҳоди шунавандаву бинандагони худ шавқу рағбат дар адои масъулият, таҳсилу хониш, масъулиятшиносӣ, муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиромгузорӣ, қадр кардани меҳнат, маданиятомӯзӣ, зебоипарастӣ, забондонӣ, истифодаи самараноки вақт, умуман ҳамаи хислатҳои мусбии одамиро дар вуҷуди ҳар касе эҳё менамояд. Мақсад ва мароми асосии ташкил намудани маркази мазкур аз он иборат мебошад, ки бо истифода аз техника ва технологияҳои муосир, омода намудани донишҷӯён, кормандон ва дигар гурӯҳҳои мансуб ба фарогирии таълиму тарбия, донишу малака ва ҷаҳонбинӣ, маданияти суханварӣ, низоми
одамият, маънавияти ниҳодии фардӣ, истифодабарии ахбор, огоҳ будан аз навигариҳову навовариҳои рӯзгори ҳамарӯза ва ҳар гуна иттилоотро аз бар намуда, дар фаъолияти касбӣ, онҳоро самаранок истифода бурда тавонанд. Радиои «Амри вақт»-и ДДД шурӯъ аз оғози соли хониши 2016 барномаҳои худро оғоз намуда, то ин ҷониб фаъолият дорад. Дар давоми ҳафта вобаста ба мавзӯъҳои мухталиф барномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ омода ва пахш карда мешаванд.
 

 

Дар марказ се нафар кормандони ботаҷриба фаъолият доранд:
Салоҳиддин Неъматов - сардори марказ;
Эмом Абдуев - эксперт-таҳриргари барномаҳо;
Саодат Набиева - хабарнигор.

 

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои наздик телевизиони донишгоҳ низ ба фаъолият шурӯъ карда, бо барномаҳои худ мавриди таваҷҷуҳи бинандагон
қарор мегирад. Барномаҳои телевизион дар ҳудуди ноҳия фазои то 20 километрро фаро хоҳад гирифт. Таҷҳизоте, ки барои пешбурди кори телевизион
харидорӣ шудааст, дар сифат аз таҷҳизоти шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ кам нестанд.

 

Рӯзномаи "Амри Вақт"-и Донишгоҳи давлатии Данғара