Маркази таҳсилоти фосилавӣ

                                                                                                                                                                                                       

                                                                                                                                 Наботов Юсуф Шоабдуллоевич 

                                                                                                                     сардори марказ, номзади илмҳои педагогика

 

Маркази таҳсилоти фосилави Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори шӯрои олимони донишгоҳ аз 29.09.2014 таҳти №02 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 01.10.2014 таҳти рақами №74 дар назди раёсати таълим ташкил карда шудааст. Аз сентябри соли 2016 бо қарори шӯрои олимони донишгоҳ номи Сектори кор бо донишҷӯёни таҳсилоти ғоибона ва фосилавиро гирифтааст. Таълим дар Сектори таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ аз рӯи ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ, иқтисодӣ ва аграрӣ ба роҳ монда шуда буд. Донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос (1-210501-08- Забон ва адабиёти рус, 1-101010206- Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, 1-25010731 – Иқтисодиёт дар корхонаҳои комплекси агросаноатӣ, 1-740201- Агрономӣ) дар 12 гурӯҳи академӣ дар сектор ба тањсил фаро гирифта шуда буданд. Лозим ба ёдоварист, ки сектори мазкур фаъолияташро дар заминаи Оинномаи донишгоҳ, Низомномаи сектори таҳсилоти фосилавї ва ғоибона ва дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрии соҳаи маориф ба роҳ мондааст. Сектори таҳсилоти фосилавї ва ғоибона ба нақша гирифтааст, ки дар ибтидои соли таҳсили 2016-2017 нақша-чорабиниҳоро таҳияву тасдиқ намуда, аз рафти иҷроиш ва баргузории ин чорабиниҳо, баргузории машғулиятҳои таълимӣ, ҷараёни бонизоми сессияи санҷишиву имтиҳонӣ, иҷроиши сарбории омӯзгорон, ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод, иштироки масъулини факултетҳо ба машғулиятҳои устодон назорат баранд. Инчунин дар соли 2017-2018 таълимро дар 6- ихтисоси нави ба бозори озоди меҳнат рақобатпазирро аз рӯи таҳсилоти фосилавӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм иҷозат гирифтааст, ба роҳ монад.

1). 1 - 02 03 01 - Забон ва адабиёти тоҷик;
2). 1 - 02 04 06 01 - Химия. Биология;
3). 1-020102 - Таърих.Ихтисоси иловагӣ(омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ);
4). 1 - 40 01 01 01 - Системаи компютерӣ ва Интернет-технология;
5). 1-020304 - Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ;
6). 1 - 43 01 03 01 - Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ.

 

Айни замон дар сектори таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона аз рўи 33 ихтисос мутахассисон тайёр карда мешаванд:

1-25010403 – Андоз ва андозбандӣ;
1-25010800 – Баҳисобгирии бухталтерӣ, таҳлил ва аудит;
1-26020202 – Менеҷменти байналмилалӣ;
1-25010400 – Молия ва қарз;
1-25011004 – Тиҷорат дар бозори берунӣ;
1-25010715 – Иқтисодиёт ва идора дар корхона;
1-21050108 – Забон ва адабиёти рус;
1020102 – Таърих.Ихтисоси иловагӣ (омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ);
1-260101 – Идораи давлатӣ;
1-3102010214 - Идораи минтақавӣ;
1020301 – Забон ва адабиёти тоҷик;
102040601 – Химия.Биология;
1980102 – Ҳифзи иттилоъдар телекоммуникатсия;
1-40010202 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт);
1-40010101 – Системаи компютерӣ ва Интернет-технология;
1-36040203 – Электроникаи техникаи автомобилӣ;
1-700400101- Сохтмони гидротехникӣ;
1-43010301 – Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ;
1510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;
1-1901010201 – Дизайни экспозитсионӣ;
1-450102 – Низоми алоқаи радио, радиошунавонӣ ва телевизион;
1-54010105 – Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (саноати хурокворӣ);
1-54010104 – Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (саноати сабук);
1740203 – Ҳифзи растаниҳо ва карантин;
1750201 – Бунёди боғу истироҳатгоҳҳо;
1740201 – Агрономӣ;
102050302 – Математика. Информатика;
102050302 – Математика. Физика;
102050401 – Физика. Математика;
1010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ;
101020203 – Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ;
101020202 – Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати тасвирӣ;
1010101206 – Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ.


Аз соли таҳсили 2017-2018 сар карда дар донишгоҳ донишҷӯён ба тариқи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки онҳо метавонанд дар реҷаи «Off-line», ки шакли ҳамгироии раванди таълим буда, дар он робитаи омӯзгор ва донишҷӯ ба воситаи сомонаи муассиса ва суроғаи электронӣ тариқи иҷро намудани супоришҳои фосилавии омӯзгор то оғози сессияи таълимӣ (дар ҳафтаҳои таълими назариявии як даври академӣ) сурат мегиранд.

Контингенти донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона дар соли таҳсили 2019-2020 ба 1496 нафар расидааст, ки аз ин шумора 1283 нафар ба тариқи шартномавӣ ва 213 нафар ба тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 1328 нафарашон ба тариқи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин дар таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона 51 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Туркменистон таҳсил менамоянд.

Барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-юм машғулиятҳо дар якҷоягӣ бо сессисяҳои санҷишӣ ва имтиҳонӣ барои нимсолаи якум аз санаи 20.12.2019 оғоз гардида, санаи 25.01.2020 ба итмом мерасад.

Дар курсҳои 4 ва 5-ум бошад машғулиятҳо дар якҷоягӣ бо сессияҳои санҷишӣ ва имтиҳонӣ аз санаи 2.01.2020 оғоз гардида то санаи 2.02.2020 идома меёбад.


Шумо метавонед ба сомонаи таҳсилоти фосилавӣ ворид шавед:

fosilavi.dsu.tj