Модар фаришта аст

Модар фаришта аст

Модар! Чӣ каломи зебост, ки бо шуниданаш дил саршори сурур мегардад.

Модар! Чӣ қадар меҳрубону азизӣ. Аввалин дарси ҳаёт, меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ, ростқавливу тозакорӣ ва аввалин дарсӣ илму донишро Ман аз Ту омӯхтаам. Умедворам, ки ҳамаи ташвишҳое, ки Туро додаам мебахшӣ. Охир ман наметавонамдар тамоми зиндагониям якшаба ранҷи кашидаатро ҷуброн намоям. Ман меҳру муҳаббати модарро дар ҳама ҷо эҳсос менамоям. Новобаста аз он ки фарзанд синаш ба чанд расидааст, барои модар кӯдак аст.

Модар! Ин моем, ки баробари ба камол расидан аз пайи ташвишҳои зиндагӣ зи ту дур мешавем ва ҳатто тасаввур намекунем, ки бароят чӣ қадар мушкил меафтад дурӣ аз фарзанд. Ҳайф бар он фарзанде, ки дар зиндагӣ ба қадрат нарасад. Ҳайф бар он, ки рӯзҳои вазнин ва шабҳои бехобии туро ҳеҷ дониста, нисбатат беҳурматӣ намояд ва дуои некатро нагирад. Ман акнун ба камол расидам, вале ин ба гуфтан осон. Хубтар фикр кунам, модар то ба ин синни ман чӣ қадар азобу машаққат ва меҳнатҳои сангин кашид? Модар тамоми вуҷуд, зебоӣ ва тавоноиятро ба фарзанд бахшидӣ.

Акнун чашмам ҳар гоҳ ба тифли навзод расад, мушоҳида мекунам, ки ӯ чӣ қадар нотавон ва нозук аст. Мебинам, ки модар ба ӯ чӣ гуна ғамхорӣ менамояд. Чун кӯдак нахобад, модар намехобад, нахӯрад модар намехӯрад. Кӯдакиямро ба ёд меорам ва мегӯям «Аҳсант, ба ту модар!»

Қалби модар то лаҳзаи марг ба ёди фарзанд метапад. Овардаанд, ки:

Аз офтоб пурсиданд:

– Аз ту гармтар чист?

Гуфт: Дили Модар»

Аз чашма пурсиданд:

– Аз ту софтар чист?

Гуфт:  Қалби Модар!

Аз кӯҳ пурсиданд:

– Аз ту устувортар чист?

Гуфт:  Ҷисму ҷони Модар!

Худоё ғайр аз ту кӣ офаридгор буда метавонад?

Садо омад:  Модар!

Боронзода Комрон. Донишӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии Данғара