ТАҚОЗОИ ТАБИАТАШ ИН АСТ....

ТАҚОЗОИ ТАБИАТАШ ИН АСТ....

Имрӯзҳо, ки ҷаҳон ноором буда, пайваста садои нооромии ин ё он кишвар ба гӯш мерасад, кас беихтиёр шукри ободию осудагӣ ва дастурхони пур аз нози неъмати Тоҷикистони биҳиштосоро мекунад, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист на танҳо ҷанги шаҳрвандиро паси сар намояд, балки ба яке аз кишварҳои оромтарини дунӯ ва пешрафтаи Осиёи Марказӣ мубаддал гардид.

Бешубҳа, ин тинҷиву оромӣ ва сериву пурӣ инояти Парвардигор ба мардуми меҳнатқарину шарифи Тоҷикистон аст, вале набояд фаромӯш сохт, ки барои ободиву осоиштагии мо ҳанӯз аз аз рӯзҳои аВвали пошхӯрии шӯравӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мурдуми шарифи Тоҷикистон дар гирди фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада барои худ кишвари умеду орзуҳо бунёд намуданд, ки имрӯз дар фазои орому осоиштаи он кору зиндагӣ мекунанд.

Албатта, дар ҳамон давра низ буданд қувваҳои сияҳкоре, ки хоҳони парокандагии ин миллат ва ба арсаи нестӣ фаро рафтани ин давлати навбунёд буданд. Хушбахтона чун ҳамеша хайд бар шару некӣ бар бадӣ пирӯз омаду ақли солим ба сулҳу салоҳ ва ҳамбастагиҳо овард, ки самарааш Тоҷикистони биҳиштосои мост.

Мутаасифона ин нерӯҳои аҳриманӣ ва қувваҳои сияҳкор имрӯзҳо низ аҳён-аҳён чун каждуми зери бурё пайдо мешаванду мехоҳанд неш ба нуш бизананд, зеро ба ибораи Шайх Саъди .... “тақозои табиаташон ин аст”. Мисоли ин ақраби навбаромад Маҳмурод Одинаев мебошад, ки бо фармони ҳоҷаҳои хориҷии худ пайваста мехоҳад, ки сафедро сиёҳ нишон дода, заҳр ба шаҳди мардуми осоиштаи тоҷик бипошад. Ӯ пайваста дар шабаҳои иҷтимоӣ мақолаҳои козибу иғвоангезона нашр намуда, паи халалдори намудани зиндагии осоиштаи мардум гардидааст. Шояд номбарда фаромӯш кардааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба дасисаву иғвоҳои ин қабил нохалафон бовар намекунанд. Баръакс, онҳо ба гуноҳи худ ғарқаву ноком хоҳанд буд, зеро “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд”.

Омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Расулов С.М.