Ҷараёнҳои тундрав танҳо як ҳадаф доранд

Ҷараёнҳои тундрав танҳо як ҳадаф доранд

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Амрико ва чандин кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошӯравӣ таҳдид мекунад, ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Зери ин истилоҳ таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ фаҳмида мешавад. Албатта, радикализм падидаи навзуҳур аст, ба қавли ҷомеашиносон он дар кишварҳое реша мегирад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

 

Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмӯи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зӯрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ ҳанӯз дар асри 18 аввалин бор дар Англия вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва канорагирӣ карданро дорад. Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён муносибати номатлуб доштани худро бо низомҳои сиёсии мавҷуда баён намуда, ҳалли масъаларо дар барҳам додани онҳо диданд. Аз ин рӯ, радикализм бо сохти сиёсии мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст ва саъй мекунад, ки авзоъро дар дохили ҷомеа ноором созад.

 

Ба ақидаи ҷомеашиносон, радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад. Экстремизм аз вожаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист нафарест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравӣ аст. Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто, соҳаи варзиш инъикос ёбад. Ифротгароӣ аз рӯи мазмун динӣ ва дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ шуда метавонад. Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор аст, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Ифротгароӣ ё экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад ва ифротгароии динӣ дар доираи ҳамаи динҳо-ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғайра мавҷуд аст. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидаи обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

 

Айни замон байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чанд шакл: инфиҷор намудани фурудгоҳҳо, ҷойҳои серодам; барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ; ба роҳи зӯрӣ гаравгонон гирифтани одамон; дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта зуҳур мекунад. Намунаи ин гуфтаҳо фоҷиаи 11 сентябри соли 2001 шуда метавонад, ки аз тарафи террористон ҳавопаймоҳои рабудашуда ба биноҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк, бинои Пентагон дар Вашингтон ва ҳамчунин, инфиҷори ҳавопаймои сеюм дар Иёлоти Пенсилванияи Амрико равона гардид. Бар асари ин амали фоҷиабор тақрибан 3000 нафар ба ҳалокат расиданд. Шаклҳои муосири чунин инфиҷорҳо дар Шоҳигарии Белгия ва Туркия ба амал омад, ки боиси талафоти одамони зиёд гардид.

 

Намуди дигари фаъолияти экстремистӣ ташвиқоти амалиёти террористӣ мебошад. Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар қаламрави худ ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ менамоянд. Инчунин, ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ҳамчун неруи пуштибони озодиҳои шаҳрвандон ва равандҳои демократӣ эътироф мешаванд ва ҳатто баъзе давлатҳо онҳоро ба расмият мешиносанд. Дар асл онҳо дар ҳудуди давлатҳои бегона бо роҳи амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

 

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

 

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстремизм ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва ҳар ќатраи обу хоки сарзамини аҷодиямонро эмин нигоҳ доранд. 

 

 

Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

Давлатёр Валиев-хабарнигори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа