Мардуми тоҷикро дигар гумроҳ карда наметавонед, вокуниш оид ба суханронии М.Кабирӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА

Мардуми тоҷикро дигар гумроҳ карда наметавонед, вокуниш оид ба суханронии М.Кабирӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА

Имрўзҳо тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ аз тарафи бадхоҳони миллати тоҷик мавзуъҳое матраҳ мегарданд, ки саропо аз дуруғу далелҳои беасос интишор мегарданд. Баъзан аз он дар андеша мешавем, ки оё ҳангоми матраҳ ва интишор кардани ин матнҳо андешаи он, ки аз номи миллату мардуми тоҷик дур аз ватан истода баҳогузорӣ менамоян шармашон намеомада бошад. 
Ҳама ин гуфтаҳо бештар ба суханронии М.Кабирӣ дар Донишгоҳи
Ҷорҷ Вашингтони ИМА рост меояд. Ҳангоми шинос гардидан бо матнҳои пурраи суханрониҳои М.Кабирӣ бештар аз он, огоҳ мешавем, ки сиёсати пешгирифтаи давлатдории Тоҷикистони азиз, тавоноию қудрат, малакаю маҳорат ва сиёсатшиносию роҳбарии одилонаи Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон эътироф намудани мардум ин фарзанди фарзонаи миллатро ҳамчун Пешво ва муаррифиаш ба ҳайси Ҷаноби олӣ дар чашми ў ва ҳамақидагонашон чун хор мехалад.
Ин ҳасосияти онҳо бештар аз он сабаб аст, ки дигар сухан ва ақидаи онҳо барои мардуми тоҷик муҳиму ҳадафрас нест ва дигар наметавонанд ин миллатро гумроҳу сарнагун намоянд. М. Кабири бештар дар давлатҳои хориҷи кишвар мехоҳад нуфузу эътибори давлату давлатдории моро паст занад аммо бо ин роҳ боз бештар худ ва обрую эътибори бе ин ҳам надоштаи худаш  хатчадор мегардад. Ҳайрон аз онам, ки магар як бор М.Кабирӣ аз худ намепурсида бошад, ки то кай бо номи паймонҳо ҳизбу ҳаркатҳое, ки бо хоҳиши шунида шудану дидашуданаш номи Тоҷикистонро ҳатман дар онҳо ҷой медиҳад аз қабили «Паймони миллии Тоҷикистон», Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва амсоли инҳо зери пардаи макру фиреб тавон меоварда бошад.
Бармегардем ба суханронии М.Кабирӣ дар Донишгоҳ Ҷорҷ
Вашингтони ИМА дар баромад қайд мешавад, ки (айнан оварда мешавад) «Тибқи гузориши «Экономист» соли 2012 мо ҷузъи 20-гонаи кишварҳои диктотурӣ будем, имсол дар ҷои 8-ум. Он сол дар рейтинги «Reportes Without Borders» оиди озодии матбуот мо ҷои 120 –ум будем, имсол 161, яъне 40 зина поён рафтем. Он сол дар рейтинги Хонаи Озодӣ (Фридом Хауз) бо 6 хол ҷузъи бадҳо будем, имсол бо болотарин хол – 7 ҷузъи бадтаринҳо ҳастем». Аз интишори ин матн фаҳмидан душвор аст, ки  кадом мо?,  оё нафаре, ки ҳатто ҳақи  шаҳрвандии ин миллатро надорад, барои ривоҷу равнақаш коре накардааст, ҳақи аз номи миллати тоҷик ҳарф задану таҳлили вазъи Тоҷикистони азизи моро дорад. Фикр мекунам ин ташнаи ҷангу хунрезӣ бо ин роҳ мехоҳад танҳо дили пур аз кони бадию макру ҳилаи худро каме ҳам бошад таскин диҳад. Ҳамзамон дар мавриди  ҷузъи бадтаринҳо будан  аниқ худ ва ҳамақидаҳои худро дар назар дорад, вагарна Тоҷикистон бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии худ маҳз таи он солҳое, ки Кабирӣ дарҷ кардааст даврони ривоҷу равнақ ва ободию созандагии саросарии кишварро ба даст оварда, тавонист пешравиҳои сиёсию фарҳангии худро ба ҷаҳониён муоррифи намояд. 
Дар самти рейтингҳои фасод, камбизоатӣ ва озодиҳои мазҳабӣ, ки дар баромад дарҷ гардидааст фикр мекунам мисли худи муаллиф ҳоҷати изҳори андеша кардан ҳам нест. Мардуми тоҷик зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама озодиҳои инсониро доро аст. Имрўз дар баробари сохта ба истифода додани иншоотҳои соҳаи маориф сохтмони иншоотҳои бузурги динӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки мардуми тоҷик инро бо чашми сар мебинанд. Албатта ба ҷуз Кабирӣ ва ҳамфикронаш ки дар ҳақиқат аз биноии чашми сару ақл бенасибанд.
Мардуми тоҷик дар баробари дигар дастовардҳо аз ҳама бештар аз озодии мазҳабии худ баҳравар аст, ки инро бо он, ки дар баргузории тамоми ҷашнҳои динию мазҳабӣ аввалин шуда, худи Сарвари давлат мардуми шарифи кишварро бо фарорасӣ ва моҳияҳои аслии ин ҷашнҳо табрик намуда, баргузорӣ ва таҷили онҳоро зери назорат ва таваҷҷуҳи худ медиҳад  мисол шуда метавонад.  Аз нақли пиронсолон буданд замоне, ки мардум аз доштани илми динӣ ва мутолиаи «Қуръони карим» метарсиданд ва ин чун амали ғайриқонунӣ дониста мешуд. Вале имрўз бо шарофат ва дастгирии маҳз Сарвари давлат барои соҳиби маълумоти динӣ гардидани шаҳрвандон тамоми шароитҳо муҳайё буда, китоби муқаддаси «Қуръон» дастраси ҳар як хонадони тоҷик аст. Яъне боз ҳам саволе пайдо мешавад, ки Кабирӣ дар хусусӣ кадом озодии динӣ ҳарф мезада бошад. Шояд ҳамон озодии динӣ, ки тамоми маҳдудият ва хушунат нисбати занону модарон нигаронида шуда бошад, ва ё он озодие, ки мехоҳанд онҳоро ба курсиҳои мансабу мартабаҳо бурда расонида, мардумро зери итоату шиканҷаҳои худ қарор додан бошад.
Оиди камбизоатӣ ва Тоҷикситонро ҷузъи кишварҳои кашшоқ, заиф ва бастатарин дарҷ намудани Кабирӣ аз он минбарҳои бонуфуз дарҷ намуданиам, ки шукр, ки мардуми тоҷик соҳиби кулба ҳам бошанд аз худашон ҳаст, ба мисли шаҳвандони бархе аз кишварҳои хориҷ дар кўчаҳо бекасу беҷои зист нестанд, шукр, ки Тоҷикистон дар баробари он, ки аз давлатҳои дигар маҳсулот қабул мекунад, худ низ  метавонад аз маҳсулотҳои гуногуни аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро содирот намояд. Яъне доду гирифт дорем.
Тоҷикистон ва мардуми тоҷик заиф набуду нест ва инро борҳо бо шикаст хурдани ҳадафҳои нопоки бадхоҳони миллат баҳо дода метавонем. Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бастатарин кишвар набуд ва нест, ки инро ҳам аз ҳадафҳое, ки  Пешвои миллат яке аз ҷузъҳои асосии идоракунии давлати худ қарор додааст ба хуби дарк карда метавонем. Аз ҷумла, дарҳои кушодаи Тоҷикистон ба рўи оламиён, барқарорсозии муносибатҳои дустона бо кишварҳои ҳамсарҳад ва тамоми дунё аст, ки мо аз ин мефахрем ва танҳо Кабирӣ ва ҳамақидаҳояш дарун дарун сухта инро нодида мегиранд. Илова бар ин мардуми тоҷик дили васеъ дорад танҳоиро намеписандад ва ин аст, ки расидем то соҳибистиқлолию ваҳдату ягонагии миллат ва шинохта шудем дар ҷаҳон.
Кабирӣ дар суханрониаш дарҷ кардааст, ки имрўз аз истифодаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ў суол мекарда бошанд. Боз ҳам савол аст, ба ҳайси ки аз ў дар бораи давлату миллате мепурсида бошанд, ки ягон робита ҳатто бовари дорам хуни ҳам бо ин миллату давлат надорад пурсон мешаванд. Ваё дарҷ менамояд, ки иштибоҳи онҳо буд, ки ба ҳифзи сулҳу амният ва таъмини озодиҳову ҳуқуқҳо авзалият доданд, дар ин гуфтаҳо Кабирӣ рўи аслии худро боз як бори дигар нишон додааст. Яъне пушаймон аст аз он, ки имрўз давлату миллати тоҷик соҳиби сулҳу суббот аст ва мардум соҳиби озодиҳову ҳуқуқҳои худ ҳастанд. Дар ин самт гуфтанием, ки шумо иштибоҳ накардед чашму ақли шуморо худованд барои дилу ниятҳои нопокатон кур кард, ки аз ин мо мардуми тоҷик шукргузор аз худовандем.
Дар ҷои дигар Кабирӣ аз он гила кардааст, ки ҳизби онҳо ягона ҳизби мазҳабии минтақа буд ва бо мондани силоҳ хостаанд худро ҳамчун як намунаи таҳаммулпазирӣ, хушунатпаҳрезӣ нишон диҳанд ва дарҷ намудааст, ки намедонад инро исбот карда тавонистаанд ё не. Алббата не. Кабирӣ шояд ҳануз ҳам дарк накардааст, ки барои роҳандозии мазҳаби динӣ ва шинохти худованд барои мардуми натанҳо тиоҷик балки тамоми дунё ягон ташкилоту ҳизбу ҳарату равияҳо лозим нест. Ин нерўе ҳаст, ки дар қалбу руҳи инсонӣ бо роҳандозии тарбияи дуруст ва шинохти худи инсон рох меёбад  на бо роҳи ташкили ҳизбу ҳаракатҳо, агар соддатар карда гуем Худованд барои шинохташ эҳтиёҷ ва ташкилоту ҳизбҳои хиёнатхоҳи шуморо надорад.  
Кабири дар баробари ин боз идома надодани роҳашонро бемасъулияти донистааст, ки ин бори дигар аз он далолат менамояд, ки хиёнаткору дилсиёҳ ҳеҷ вақт дар ягон ҳолат аз нияти нопокаш намегардад. Дар робита ба ин масъала дар гузашта даргири илюзия будану барои расидан ба нияти нопокаш такя намудан танҳо ба миллату ҷомеа ва нерўи ватаниро дарҷ кардааст. Аз ин гуфтаҳо бори дигар худ ба қавле қоил гардидааст, ки роҳи пешгиритаи ў ва ҳамақидагонашон аз оне, ки бо дастгирии кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии манфиатдор хостанд барои нестии ин миллат талош варзад нодуруст буд. Дар ин радиф ба манфиати ин миллат буд, ки он маблағҳое, ки барои талоши нестии миллат бояд сарф мекарданд барои сохтани манзилҳо, хариди мошинҳо, бустонсаройҳо ва дигар масоили шахсии ин бадтинатон сарф шуд. Кабирӣ намедонам бо кадом рўй имрўз такя намудан танҳо ба миллату ҷомеа ва нерўи ватаниро кардааст. Ё шояд ҳанўз ҳам дарк накардааст, ки ў барои ин миллату ҷомеа ҷое надорад. Дар лаҳзахои душвори вазъи Тоҷикистон ў натанҳо бо ин миллат набуд балки худ ин душворию рўзҳои сиёҳро ба сари мардум овард. Он лаҳзаҳо танҳо ин марди шариф, фарзанди дар асл ҳам фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳар баҳона мехоҳад санги маломат ба сўяш андозад бо ин миллат буд, барои ин миллат умри ҷавони худро, тамоми нерўю тавони худро бахшид. Кабирӣ шояд ҳануз ҳам хуб дарк накардааст, ки дар ин давлату миллат танҳо ҳақи такя кардан ба ин миллат, ҷомеа ва нерўи ватаниро Пешвои мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад, на каси дигар.
Дар  ҷои дигар  Кабирӣ доир ба масъалаи  шинохти терроризм ва муборизаи Тоҷикистон бо терроризм изҳори ақида карда, дарҷ намудааст, ки Хукумати Тоҷикистон эктремизми диниро  як василаи мубориза бо мухолифин, гуногунандешагон ва таҳкими қудрати худ қарор  додааст. Ба ақидаи мо ин бисёр ҳам дуруст аст, чунки ҳамагон имрўз медонанд, ки шумо зери ниқоби ислом чи ният доштед ва ҳар нафаре, ки хиёнат ба миллату давлат мекунад аз тероррист ягон камие надорад. Дар он мавриде, ки модар, ватан, сулҳу суббот барои Кабирӣ ва ҳамандешагонаш қиммате надорад пас онҳо агар бошад аз калимаи террорист ҳам бадтар бояд номгузорӣ мешуданд.
Кабирӣ дар самти ворид гардидани кишвари Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ дарҷ кардааст, ки номзадҳояш ва барандааш аз қабл маълум аст. Ин бисёр хуб аст, ки Кабирӣ худ низ дарк кардааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон медонад ва бо боварӣ номзади арзандаи худро интихоб менамоянд. Танҳо ҳаминро дарҷ карданиям, ки мардуми тоҷик танҳо зери роҳбарии Сарвари сиёсатмадору одилаш тавонист  аз зери бори нобудии ба вуҷудовардаи ин бадхоҳони миллат наҷот ёфта, давлати дар асл озоду демократиро бисозанд. Ин аст, ки мардум ба Роҳбару Пешвои худ боварии комил доранд.
Доир ба рух додани ҳодисаи террористӣ соли 2018 дар ноҳияи Данғара, ки Кабирӣ  бо исрор таҳқиқи одилонаи онро кардааст, боз як найранги ў барои бегуноҳ нишон додани ҳамҳизбиёнаш мебошад. Вале дигар барои мардуми тоҷик ақида ва дархостҳои пардапушонаи ў аҳамияте  надоранд.  Дар таҳқиқи ин қазия тавассути расонаҳо ва васоити ахбори омма ба таври васеъ гунаҳгорони аслӣ ва сарпарастони онҳо ошкоро нишон дода шуданд ва гунаҳгорон ба кирдори худ пурра эътироф карданд, ки дигар ҳоҷат ба шарҳ додани ин амали ноҷавонмардонаи онҳоро надорад. Шояд ҳамин аст, ки ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба гуфти худи Кабирӣ аз баргузории таҳқиқоти байналмилалӣ дасткашӣ кардаанд.
Дар охир бисёр умед дорам, ки Кабирӣ ва ҳамақидаҳояш дарк намоянд, ки барои дар гуфтору таҳлилҳои бемантиқашон гирифтани номи Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтааш, дар ҳар як матнаш «кишвари мо» дарҷ кардани Тоҷикистон боз як шармандагии дигар аст, ки ба сари худ бор мекунад. Наход худ эҳсос накунад, ки ҳангоми дар ин кишвар будан чи манфиате барои мардум овард, ки аз дур истода насибашон мекунад. Ё шояд умедҳои охирини худро  аз он, ки Тоҷикистон руз аз рўз ободтару пешрафта ва мардумаш озоду хушбахттар мегарданд аз даст дода истода ин ҳама лофҳоро бо  сузу гудоз мезанад.
Кабирӣ агар зарае, ҳиси инсоният дар вуҷудат бошад (бовар дорам, ки нест) андеша кун, ки на мардуми тоҷик балки ту худ дар кадом вазъ ҳастӣ аз нотавонии худ бо номи кишваре, ки фасоду камбизоаташ мехонӣ паноҳ бурда паймону созмонҳои худро номгузорӣ мекунӣ. Дар даврони соҳибмансабиат бархе аз мардумро гумроҳу хиёнаткор кардӣ, имрўз аз бегуноҳ зиндони шуданашон лоф мезанӣ вале каме андеша кун ки буд сабабгорӣ аслӣ. То он андоза ноҷавонмарди, ки мардум бахусус хамгуруҳони худро ба ҳоли худ гузошта аз кишвар аввалин шуда, гурезон шудӣ. Агар имрўз  боз ҳам ҳамфикру ҳамақидагони худро дорӣ пас ҳайронам ки ин бенангон киҳо бошанд, ки боз дубора ба як хиёнаткор бовар доранд. Аз нафаре, ки хизмат ба модару падари худ накардааст дигарон бояд чи умеде дошта бошанд.
Ба Кабирӣ ва ҳамақидаҳояш гуфтанием аз  Сарвари мо биомўзед, ҷонфидоиро, аз Пешвои мо  биомўзед сиёсатмадорию матонат ва мардонагиро, баъдан посухи суолҳои беҷавоби худро хоҳед ёфт, ки барои чи ин миллат зери сояи ин фарзанди фарзона қарор доранд ва ҳамеша дуогўи онанд, ки на як интихоботи дигар балки садсолаҳо Роҳбар ва Пешвои мо бошанд. 
Ба ақли солим ва сиёстшиносии  миллатам бовар дорам, ки дигар фирефтаи суханбозиҳо ва макру найрангҳои амсолони Кабирӣ намегарданд ва дирўзу имрўзи кишварро аз нигоҳи худ баҳогузорӣ менамоянд.
                                                                                Абдуллозода Н.Ш.