COVID ВА КАБИРӢ. ДУ ВИРУСЕ, КИ ТУХМИ МУСИБАТ МЕКОРАНД.

COVID ВА КАБИРӢ. ДУ ВИРУСЕ, КИ ТУХМИ МУСИБАТ МЕКОРАНД.


COVID ВА КАБИРӢ. ДУ ВИРУСЕ, КИ ТУХМИ МУСИБАТ МЕКОРАНД.

        Гуфтору рафтори вақтҳои охири роҳбари ТТЭ ҲНИ ва аъзои фаъоли он низ, ки чанд сол инҷониб зери сояи хоҷагони хориҷии худ панаҳ бурдаанд, вирусро мемонад. Агар якумӣ тухми беморию марг корад, дуюмӣ - дурӯғу буҳтон, иғвою дасиса. Ин вирусҳои собиқадори ҳизби террористӣ баъди дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифтани COVID-19 тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз фоҷиаи ба сари миллат омада табли шодӣ мезананд.
       Дар ин рӯзҳое, ки  Ҳукумат ва раият дар ҳамдастӣ танҳо дар фикри пешгирӣ аз паҳншавии вирус ва шифо бахшидани мубталоён мебошанд, луъбатакони ақлбохта ба сари Ҳукумат санги маломат  мезананд. Мақоли «мискин харак…» - ро фаромӯш кардаанд. Онҳо санги маломат мезананд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии худро дар ин рӯзҳои сангин дар хориҷа ба ҳоли худ мондааст. Кабирӣ ба қавли худ барои наҷоти миллат аз ин вазъият гӯё барномае таҳия намудаву мехоҳад Ҳукумат аз рӯи он амал намояд. Вале фаромӯш карданд, ки боре ӯ ва косадумҳояш барои мардуми кишвар барномае тарҳрезӣ карда буданд ва он чӣ оқибатҳои хуношом ба бор овард, ҳеҷ аз хотир намеравад. Гузашта аз ин, хоинони миллат барнома он тараф истад, қудрати дастгирии як нафар ҳамватани беморро доранд? Ин сифлаҳоро як ҳунар аст - бадномсозии миллат, тавтеасозиву ҷудоиандозӣ, ки амри хоҷагони хориҷиашон аст. То тавонанд, аз ин роҳ пайсае ба даст оваранд. 
     Дар бораи аъзои дигари ба қавли худаш фаъоли ин ҳизб ё паймони дурӯғини таъсисдодаашон (манзур «Паймони миллии Тоҷикистон»), ки чанд ҷинояткорро чун Ш. Гадоев гирд овардааст, сухане гуфтан камоли хирад набошад. Зеро донишу тафаккури ин ватанфурӯш бо ду по мелангад. Чанд варсоқихонияш дар шабакаи иҷтимоӣ далели бебаҳсанд. 
       Дар масъалаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки мавзӯи асосии интиқоди роҳбарияти наҳзатиҳо буду ҳаст, чӣ метавон гуфт? Ҳадафашон чун рӯз равшан аст: онҳоро зидди Ҳукумат шӯрондан ва аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ пайравони худро зиёд намудан. Аммо то ҳол дастакони кӯтаҳашон ба гиребони орзуҳои пуч намерасад. Чунки нимкосаи зери косаашонро мардуми хирадмандамон кайҳо пай бурдаанд.
      Онҳо нодида гиранд ҳам, дар ин давраи буҳронӣ, ки дар қатори мардуми рус ҳамватанони мо дар Россия бинобар коронавирус дар ҳолати ногувор қарор доранд, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва соҳибкорону ҷавонмардони саховатманду ватандӯсти тоҷик ба ҳамватанон кумакҳо расонда шуда истодаанд. Ғайр аз ин, бо дастури Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар ҷиҳати ба Ватан баргардондани хоҳишмандон  хатсайрҳои махсус ташкил карданд. То имрӯз тавассути ҳавопаймоҳо зиёда аз 2000 нафар, пеш аз ҳама, аз Россия оварда шуд. 
        Бояд гуфт, ки то 17 июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор нафар ба коронавирус сироят шуда, 50 нафар фавтид. Албатта, аз даст додани ҳар як шаҳрванд фоҷиа аст. Ва тамоми тадбирҳо андешида шуда истодаанд, ки бо талафоти камтарин ин беморӣ паси сар шавад. Аммо умедворам роҳбари наҳзатиҳо фаромӯш накардааст, ки дар ҷанги шаҳрвандии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба дасти онҳо ташкил гардид, 150 ҳазор нафар қурбон ва беш аз 1 миллион аҳолии осоишта гуреза шуда, 25 ҳазор зан бева ва 60 ҳазор кӯдак ятим монд. Инчунин, 40 ҳазор бинои истиқоматӣ харобу валангор гардида, зиёда аз 60 муассисаи тиббӣ аз кор монд, ки зарари иқтисодии расида, тақрибан 10 миллиард долларро ташкил медиҳад.
         Пас, бояд ҳар як шаҳрванди солимфикри кишвар таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ ва амалҳои разилонаи  наҳзатиҳоро фаромӯш накунад. Муҳимтар аз ҳама, шоҳидони он рӯзҳои талх бояд ба насли ҷавон чеҳраи манфури сабабгорони ҷанги бародаркушро бозгӯи кунанд, то ки онҳо сафедро аз сиёҳ фарқ созанду ҳақиқатро дарк намоянд ва фарзандони арзандаи Ватани хеш бошанд.
         Воқеан, вазъи кунунӣ дар кишвар далолат бар он аст, ки умри коронавирусро вақти кам монда. Дар он сурат вой бар ҳоли вируси дуюм.