Мавзўи рўз … КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХЎРАД

Мавзўи рўз … КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХЎРАД

Мавзўи рўз
… КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХЎРАД
Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар ҷодаи ноил гардидан ба сулҳи сартосарӣ, ваҳдату иттиҳод марҳалаи мушкилу мураккабро аз сар гузаронидааст. Мардуми худшиносу худогоҳи тоҷик ҳанўз он айёми сангин ва нангинро, ки ибтидояш аз моҳи фаврали соли 1990 буд бо даргириҳо ва зиддиятҳои нобасомон ба ёд меоранду имрўз шукрона менамоянд, ки ба чунин рўзҳои неку фирўз расидаанд.
Қайд бояд намуд он замон, ки дар ҷумҳурӣ ҳашт ҳизби сиёсӣ ба фаъолият оғоз намуда буданд, ки яке аз онҳо ин собиқ ҲНИТ мебошад, ки имрўз чун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ берун аз кишвар амал дорад. Он дар кишварамон ҳамчун ҳизби террористӣ мамнўъ гардида, фаъолияташ боздошта шудааст.
Мо худ медонем, ки бо таъсиси ҳукумати конститутсионӣ байни роҳбарияти давлати тоҷикон ва неруҳои мухолиф чандин маротиба гуфтушунидҳо сурат гирифтанд, вале намояндагони гарданшаху якрави ҳизби наҳзат бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз райъи хеш нагаштаанд. Онҳо чун неруҳои аҳриманї дар хориҷи кишвар қарор дошта, таҳти шиорҳои зоҳиран озодихоҳонаю ватанпарварона, ба муроҷиати Сарвари давлат баҳри ба замин гузоштани силоҳ розӣ нашуда, ба қатлу ғорат ва ҷиноятҳои мудҳиш машғул шуда, он ҳамаро чун доғ дар сафҳои таърихи миллат боқӣ мондаанд.
Ҳодисаи фоҷиабори санаи 29-уми июли соли 2018, ки ба марги сайёҳони хориҷӣ оварда расонид аз ҷониби гурўҳи ҷиноятпешаҳои аъзои ҲНИ идомаи амалҳои террористии генерали хиёнатпеша Ҳоҷӣ Ҳалим мебошад. 
Инчунин тамошои филми "Хиёнат" бори дигар аз амалҳои пасипардагии ин хиёнаткорони  наҳзатӣ шаҳодат медиҳад. Нақли яке аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ, аъзои фаъоли ҲНИ Қиёмиддини Ғозӣ далели он аст, ки бори дигар хиёнатҳои наҳзатиҳо, ањри-манњоро ошкоро ба мардум намуда, ниқобро аз рўйи онҳо бардорад.
Бештари аъзоёни ин ҳизби мамнўъ ҷавонони фиребхўрдаю гумроҳшудаанд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он кишвари бе амну субот ва ноороми солҳои 1990-1992 набуда, он чун давлати неруманд Пешвои худро дорад, ки мардуми тоҷик дар атрофи ондо муттаҳид гардида метавонад. Мубориза бо њамагуна гуруҳҳои рақобатпазир, ноошно ба заволи чунин гуруҳҳо оварда мерасонад.
Ҷаҳони имрўзаро насли бо пешравию  тараққиёти  техника технология тасаввур менамояд. Аммо истифодаи техника ва технология аз њар шахс маърифати оқилона истифода бурдани онро талаб менамояд. Зеро имрўзҳо нафароне вомехўранд, ки пешравии технологияро, аз ҷумла шабакаҳои интернетиро барои амалҳои муғризонаи худ истифода мебаранд. Сомонаҳои интернет барои гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ сарчашмаи асосии заҳролуд ва ба доми худ кашидани ҷавонон маҳсуб меёбанд.
Бинобар ин, манъ гардидани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat. ru, ки бо ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ хизмат мекунанд, мувофиқи мақсад аст. Зеро ин ташкилоти террористию экстремистӣ имрўзҳо ба воситаи наворҳои интернетӣ ва бо истифода аз созмонҳои байналмилалӣ мекўшад худро сафед кунаду амалҳои муғризонаи хешро анҷом диҳад. Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани чунин сомонаҳо имконият медиҳад, ки роҳҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва динӣ пешгирӣ шаванд. Дар ин робита, аз ҳар шаҳрвандони кишвар талаб мешавад, ки ҳушрию зиракиро аз даст надода, бар зидди гурўҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд ҷомеаи моро ноором созанд, мубориза баранд.
Воқеан, воқеаҳои нангини рухдода мо сокинони ҷумҳуриро беш аз пеш ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват менамояд. Аҳолии кишвар хуб дарк мекунанд, ки ҳизби мазкур таъсиси обрў, мағлубшавӣ ва аз байн рафтани худро дошта, минбаъд теша ба решаи хеш мезанад.
Ҳамагон бояд аз аъмолу ҳаракатҳои амалиёти террористӣ дошта, канораҷўӣ намуда, амалиёти онҳоро ошкор ва ҷиддӣ маҳкум намоем.