ХАТАР ВА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ХАТАР ВА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.

Аммо барои як инсони одӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Бояд гуфт, ки мутахассисон дар ин масъала андешаи ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае мавҷуд нест. Ҳар соҳибназар, таҳлилгари касбӣ нисбат ба ин падидаҳо андешаҳои мухталиф дорад. Дар соҳаи омӯзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм, шинохти он ҳамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ тадқиқоти ҷиддие ҳанӯз анҷом наёфтааст.

Олимон, соҳибназарону таҳлилгароне, ки ба омӯзиши ин се падидаи манфӣ даст ба кор задаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд нестанд. Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Таври маълум ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рӯ, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест.

Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад. Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи «терроризм» барои ифодаи анҷоми амалҳои террористӣ ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Ифротгароӣ, тундравӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.

Маъмулан, имрӯз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегӯянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест. Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи инсон, муносибати ӯ ба муҳит ва робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад.

Агар шабеҳаи як ифротгароро тасвир карданӣ шавем, пас, надоштани саводи комили динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, танҳо эътирофи фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рангу шакли либос, дарозиву кӯтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хӯрокӣ, маҳдудсозии ҳуқуқи занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи як ифротгаро хоҳанд буд.

Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегӯяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «тоғут», «муртад» ва «кофир» ҳукм менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидавӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунад. Ба ҷомеа ва инсонҳо аз дидгоҳи фаҳмиши худ муносибат намуда, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонад. Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман низоми давлатӣ, фарҳанг, санъат, ҳунар, адабиёт, мусиқӣ, ахлоқ ва расму оинҳои мардум эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дорад. Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дӯстону ҳамкорон, устодон мисли ӯ ақида надоранд, онҳоро маҳкум ва ошкоро таҳдид, барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ зӯроварӣ ва хушунату бераҳмӣ мекунад.

Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум (иллюзия) мешавад, гӯё фақат фаҳмишу амали ӯ дуруст буда, ҷомеа ҳама «фосиқ», мақомот ҳама «фосид», уламо ҳама «бидъаткор», дигарандешон ҳама «кофир» мағозаю ошхонаҳо ҳама «ҳаром», бонкҳо ҳама «рибохор», нӯшобаву шоколадҳо ҳама маҳсулоти «куффор», расонаҳо ҳама «дурӯғ» мебошанд. Аз ҷомеа ҷудо ва ба инзивои равонӣ гирифтор мешавад. Тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зӯровариро раво бинад. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил меёбад.

Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд. Ин ҷо масъала аллакай ранги дигар мегирад. Ин ҷо ифротгароии динӣ як неруи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ ва як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятист. Тасаввур кунед: ҳазорон ифротӣ зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ кашида мешаванд, онҳо ба қувваи калони ваҳшӣ, бераҳм, сӯзанда ва вайронкор табдил мегарданд.

Барои ба як қувваи муташаккили қудратманд табдил ёфтани ифротгароён се унсури муҳим — ғоя, ташкилот ва силоҳу имконот нақши ҳалкунанда доранд. Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ шомил мешаванд? Онҳое, ки саводу маърифати дурусти динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Омилҳои дигаре, мисли ҳомиёни ҳимоятгару созмондеҳи ин гурӯҳҳо, манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, истифода аз мушкилот ва ихтилофи иҷтимоӣ боиси ташкили ин гурӯҳҳо мегарданд.

Аъзои гурӯҳҳои ифротии динӣ ба он назаранд, ки ягон давлати мусулмонӣ бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Онҳо ҳамаи ин давлатҳоро маҷбуран ишғол, ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил ва ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба хилофати ягонаи худ тобеъ намуданианд. Онҳо давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлолро эътироф накарда, ҳамаи ин давлатҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв намуданианд. «Ҳизби таҳрири исломӣ», «ДОИШ» ба таври расмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамоянд. Ҳамчун як давлати мустақил аз байн бурдани Тоҷикистон ва ба як ноҳияи хурди хилофати худашон табдил додани кишвари мо яке аз ҳадафҳои ифротгароён мебошад.

Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ танҳо ба ташвиқу тарғиб машғул набуда, нияти бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ишғол намудани кишварҳои мусулмонӣ ва ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд. Дар ниҳояти кор боз ҳамон давлатҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ кардаанд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва дар ниҳоят ба даст гирифтани сарватҳои табиии онҳост. Метавон гуфт, ки ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ буда, ба истиқлолияти кишварҳои мусулмонӣ хавфи ҷиддӣ дорад.

Раванди мубориза бо ДОИШ фаромӯш набояд кард, ки шумораи муайяни ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар сафҳои он меҷанганд, таҷрибаи ҷангӣ пайдо мекунанд, оқибат ба ватан бармегарданд. Ин шаҳрвандони гумроҳ барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ ҳастанд. Ин хатар аз чӣ иборат аст? Ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар сафҳои ДОИШ меҷанганд, мағзшӯӣ шудаанд, ғояҳои ин гурӯҳи террористӣ ба эътиқодашон табдил ёфтааст, онҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои техникии замонавӣ ҳамин таълимотро ба хешу табор, наздикону пайвандон ва дӯстони худ талқин намоянд. Ин ташвиқу тарғибест, ки ДОИШ барои ҷалби ҷиҳодиёни нав ба кор мебарад. Ҳарчанд ДОИШ зери ниқоби ислом баромад кунад ҳам, ин гурӯҳи террористӣ ба ислом ҳеҷ умумият надорад.

Бо роҳи ғайриқонунии зӯрию даҳшатафканӣ, тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷудоварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсаду ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Террористон бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ карданӣ мешаванд.
Ба номгӯи нопурраи гурӯҳҳои террористӣ Ал-қоида,  ДОИШ, Ҳизби Таҳрир, Бародарони мусулмон, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Салафия, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвон-ул-муслимин, Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати муҷоҳиддини Осиёи Марказӣ, Аш-Шабоб, Боко Ҳаром ва Ансоруллоҳ дохиланд. Дар амалҳои террористӣ бештар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Инро мо дар мисоли амалҳои террористии ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, ИМА, Африқои Шимолӣ мушоҳида намудаем. Дар қонунгузориҳои кишварҳои гуногун ба симои терроризм шаклан фарқкунанда, вале моҳиятан якхела ва дуруст баҳо додаанд. Дар қонуни ҷиноии Фаронса амали террористиро амале медонанд, ки ба василаи он низоми умумӣ халалдор мегардад. Дар қонуни ҷазои Португалия терроризмро таҳдид ба манфиатҳои миллӣ, тағйир ё нобуд кардани ниҳодҳои давлатӣ мешуморанд. Таърифи терроризм, ки онро харобкорӣ дар низоми ҳукумат медонанд, дар қонуни ҷазои Италия низ ҷой дорад. Соли 2000 дар Англия қонуни мубориза бар зидди терроризм қабул гардид, ки миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо беҳтарин қонуни мубориза бар зидди терроризм ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла таъкид намуд: «Терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд».

Муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст. Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омӯзиш қарор гиранд.  Бидуни омӯзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад.

Имрӯз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттиолотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёӣ ва ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исбот намуд, ки ягон кишвари дунё аз хатари террористӣ эмин нест. Терроризми қадим бо воситаҳои сода, бо хушунат ва вайронкорӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт. Терроризми имрӯз аз воситаҳои бисёр пешрафта истифода мекунад ва ташкили амалҳо хеле печ дар печ аст, террористон ғолибан худкушанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд. Гурӯҳи террористии «Ал-қоида» дар Олмон, Фаронса, Британия, Ҳолланд, Белгия, Испания, Алҷазоир, Судон, Марокаш, Тунис, Либия, Нигерия, Кения, Яман, Ироқ, Сурия, Урдун, Туркия, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон — ҷамъ дар беш аз 61 давлати дунё ниҳодҳои сиёсӣ ва ташкилотӣ дорад. Шохаи аврупоии «Ал — қоида» дар шабакаҳои иҷтимоӣ 27 сомонаи интернетӣ дорад, ки ба воситаи онҳо ташвиқу тарғибро ба роҳ монда, дар миёни шаҳрвандон даҳшату тарс паҳн менамояд.

Дар таърих боре ҳам нашудааст, ки террористон худро террорист хонда бошанд. Барои асоснок намудани амалҳои худ онҳо далелҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ эҷод менамоянд.

Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангин алайҳи инсоният аст. Террористон мекӯшанд, то фазои ноамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад. Бо ин восита бовари мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд. Гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад.

Мутахассисон терроризмро ба намудҳои гуногун, монанди давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ, фардӣ, нашъатерроризм, мазҳабӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ тақсим мекунанд.

Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд. Тоҷикистон, бояд ҳамдигарро сиёҳу сафед, муҳоҷиру таҳҷоӣ, ҷанубию шимолӣ, помирию кӯлобӣ, ғармию қӯрғонӣ нагӯем. Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишу манфиатҳои дигар болою воло бошад.

Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ ва субот аст. Имкони таъмини ҳамаи инро дорем. Бояд якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда баҳс намоем.