Вокуниши сафорат ба хабари “доля”-ситонии полковник Назаров аз тоҷирони тоҷик дар Русия

Вокуниши сафорат ба хабари “доля”-ситонии полковник Назаров аз тоҷирони тоҷик дар Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хабарҳо, ки гӯиё корманди сафорати мазкур бо номи полковник Назаров тариқи таҳдид аз соҳибкорони тоҷик дар Русия пул меситонад, вокуниш кардааст

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Полковник Назаров, ки расман гӯиё ноиби сафир дар умури иқтисодӣ ва аслан корманди мақомоти амнияти Тоҷикистон мебошад, аз соҳибкорони тоҷик дар Русия бо таҳдид садҳо ҳазор рубл меситонад, хабар дод сомонаи "Ахбор" дар як матлаб зери унвони “Доля” надиҳӣ, салафият мебарорам... полковник Назаров рекетири пагондор ва “банда”-и ӯ”.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши як иттилоия дар сафҳаи фейсбукиаш навиштааст, ки матлаби мазкур "бидуни далел ва воқеият" интишор шуда, сафорат онро қотеона рад мекунад.

Дар матлаби мавриди назар бо такя ба соҳибкорони муқими Русия аз фарде ба номи "Назаров, муовини сафир дар умури иқтисодӣ" ҳикоят мешавад, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав нишаста, тоҷикони сарватманди Русияро тарс медиҳад ва аз онҳо пулҳои ҳангуфт талаб мекунад. Ба иддаои мусоҳибони сомона, ки нахостаанд номашон зикр шавад, Назаров ном ба онҳо мегуфтааст, ки агар ба ӯ маблағ пардохт накунанд, онҳоро ба узвият дар ҷараёни мамнӯъи салафия муттаҳам карда, аз ҳукумати Русия истирдодашон ба Тоҷикистонро тақозо хоҳад кард.

Манбаъ навиштааст, тамоми маълумот дар бораи Назаров пӯшида аст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ ин нафар дар асл корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буда, рутбаи полковникиро дорад. Инчунин аз қавли мусоҳибон иттилоъ дода шудаст, ки дастаи полковник Назаров дар наздикии истгоҳи метрои "Савёловская” як офисро иҷора гирифта, дар он ба тамаъкорӣ даст мезананд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, чунин мақом ва чунин фард аслан дар ин сафорат кор намекунад.

“Дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия нафаре бо насаби “Назаров” кор намекунад ва чунин мансаб ва ё мақоме ба сифати “муовини сафир дар умури иқтисодӣ” барои фаъолияти дипломатҳо дар намояндагии дипломатӣ мавҷуд нест”, - омадааст дар иттилоияи сафорат.

Дар иттилоия ҳушдор дода шудааст, ки "сафорати Тоҷикистон дар Русия дар сурати такрор шудани туҳмат ва интишори маълумоти беасос, ҷиҳати ҳимояи шаъну шарафи худ, дар асоси ҳуқуқ ва меъёрҳои байналмилалӣ чораҳои зарурӣ хоҳад андешид". Феълан маълум нест, соҳибкороне, ки аз аъмоли нафари ба ном Назаров ба расонаҳо шикоят кардаанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ муроҷиат намудаанд ё на.