Тавба ё шевани рақси М.Садруддин

Тавба ё шевани рақси М.Садруддин

Ин тоифа на танҳо сиёсат, балки динро ҳам ба шӯхӣ гирифтааст. Гап сари тавбаи қалбакӣ ва дурӯғини М.Садруддин меравад, ки писарандари дурӯғгӯён аст. Бо далелҳои муътамад, ин тавбаи хасакиро ки икроҳ ба китоби муқаддаси мусулмонҳост, рад мекунем:

 

  1. Сараввал, бо сароҳат бояд гуфт, ки М.Садруддин,  ба дини Ислом иснод овардааст, зеро бо забон овардани номи сураи Қуръон «Тавба», онро пушти пой зада, каломи шарифро ба мазҳака табдил додааст.
  2. Бо макру кӯлоҳпӯшии аблаҳона, мардуми фирориро, ки орзуи бозгашт дар дилашон ҷилва кардааст, ин фарди бевиҷдон ноумед кардааст. Садҳо нафар омаданӣ буданд, ба қабоҳату ҳамоқату аблаҳии Садурддин аз омадан даст кашиданд.
  3. Бо асоснок кардани тафаккури «ҷангӣ» дар ниҳоди муҳоҷирон, иштибоҳи падари балвогарашро такрор карданӣ аст. Падараш ними мардумро бо овозаву дурӯғ ба Афғонистон бурд ва ними дигарро бо мавъизаҳои козибаш дар ҷангҳои дохилӣ кушт.
  4. Падараш Қаландар дар соли 1993 дар Боғи Ширкати Тахор барои «ҷиҳод» ба муқобили тоҷикҳо даъват мекард ва хами абрӯяш напарид. Ними Хатлонро кофир эълон кард, шарм накард, ҷанги дохилиро раво медонист.
  5. М.Садруддин бошад аз пайи падараш рафтааст. Мегӯянд, ки таърих такрор намеёбад, вале ин дафъа ҳам дида мешавад, дар шароити Аврупо сабақи падарӣ такрор меёбад. Дар шаҳри Кёлну Берлин дари ғайбат ва душманкобӣ  боз аст. Гардонандаи ин саҳна, ҳамон писарандари иғвоангез бо номи Қаландаров Садруддин, Мулло Садруддин. 
  6. Даъват ба ҷанг дар хуни авлодии Садруддин аст.  Илми муосири равоншиносӣ собит кардааст, ки эҳтимоли ба ҷиноят даст задани писари қотил ва ҷинояткор 80% аст. Агар ин гуфтаро асл пиндорем, ба тақдири падару писар  Садруддин ва Қаландар рост меояд, ки се даҳсола аст, сарнавишти мардумро ба бозӣ гирифта, ҳам хун рехтанд ва ҳам боз дар таъини вазифаҳои баланд имтиёз ҳам гирифтанд.                   
  7. Зарфи холӣ овозаш баланд аст.  М.Садруддин дар роҳи ботили наслкушӣ устухон надорад. Сиёҳкорӣ ва табаҳкорӣ хислати суннатии ин авлод аст.
  8. Парвози андешаи Садруддин созгори фалсафаи мурғ аст.  Ӯ фикр мекунад, ки бо навиштани чанд ҷумлаи бепояву усул, маҳшар барпо мекунад. Урдуи миллионннафараи тарафдорони ниҳодҳои ҳукуматро ба ҳазлу шухӣ мегирад. Ин маънои онро дорад, ки ӯ сатҳнигар аст, бесавод ва кутоҳандеш аст.
  9.  Барои як санади  иқомати паноҳандагӣ гирифтан, миллатро дар пеши бегонагон сиёҳ карданро танҳо М.Садруддин метавонад. Қазоват кунед, бо рохқории фиребу ҳила ин фард ба яке аз саркардагони ифротӣ дар Аврупо табдил ёфтанист. Дар ояндаи наздик мебинем. Ин ашхос ҳеч вақт на бо худ ва на бо дигарон муросо намекунанд. Шӯре ки дар дили Олами кӯҳна ин ҳарзагӯён меафрӯзанд, аз уфти манори Бизон мудҳиштар аст.   
  10. Дар фарҷоми сухан гуфтанием, ки М.Садруддин захми саратонӣ дар бадани қавм аст, ҳарчи зудтар ӯ бурида ва зудуда шавад, ба манфиати кор аст.           

 

 Киром Давлатов, сокини ш.Бохтар