Дар њошияи матлаби «Ногуфтањо»-и Додољон Атовуллоев, ки рўзи 13 декабри соли 2018 дар сањифаи фейсбукиаш нашр шудааст

Дар њошияи матлаби «Ногуфтањо»-и Додољон Атовуллоев, ки рўзи 13 декабри соли 2018 дар сањифаи фейсбукиаш нашр шудааст

Дар љавлонгоњи сухан њар кас бо сењру эъљози ќаламаш ворид мешавад ва дар сабќати маъниофарї ќувва меозмояд. Барои нишон додани нерў ва ќудрати сухан муаллифро минбарњои баланд, рўзномаву маљаллањои пурљило, сомонањои хоса ва харљи маблаѓњои њангуфт зарурат надорад, балки доштани мањорати суханварї кофист.

Ѓарази муќаддимаи боло маълум кардани мавќеи як сањифаи фейсбукии Додољон Атовуллоев дар радифи садњо сањифаи фейкии чоплусони нањзатї, сомонањои иѓвоангезу дурўѓбофи «командаи келинњо»-и Муњиддин Кабирї мебошад, ки маќоли «як задани оњангару сад задани сўзангар»-ро ба ёд меорад. Ба ибораи дигар, дар фазои маљозї худи Додољон Атовуллоев кофист, ки посухи тамоми командаи бењунарони ташкилоти террористии њизби нањзати исломро дињад. 


Дирўз дар сањифаи фейсбукии рўзноманигори тољик  Додољон Атовуллоев нигоштаеро бо унвони «Ногуфтањо» хондам. Дар ин матлаб аз заъифињои сардори ташкилоти террористї - ифротии њизби нањзати ислом Муњиддин Кабирї ва тарафдорони ў бисёр пуртаъсир сухан меравад. Баъд аз мутолиаи «Ногуфтањо» гуфтанињои зиёде вирди забони њар хонандаи он пайдо мешавад, ки вобаста ба муњтавои матлаб андешањои мо чунин аст:  

Нахуст, Додољон Атовуллоев «тамоми "бозёфтњои" Кабириро аз Темур Вараќї то кадомин Муминовае, ки бо номи "Хоњар Њумайро" машњур аст, Худозадаву бахтбаргашта унвон медињад, ки њаќ бар љониби ўст.

Сониян, ин марди сухан даъвати «миёнаравњо»-ро љињати иттифоќи Атовуллоев бо Кабирї ба далелњои асоснок рад карда, мегўяд: «бо Кабирї пайвастан хиёнат ба озодї, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст». Ба иловаи њамин гуфтањо месазад гуфт, ки пайвастан бо Кабирї, ки ба ќавли худи Атовуллоев «намунаи бењтарини олами њайвоноту наботот» аст, хиёнат ба тамоми инсоният мебошад.

Солисан, ба андешаи зерини Додољон Атовуллоев, ки дар шакли даъво аз «насињатфармоёнаш» ифода ёфтааст, сад дар сад љонибдорем. Талаби Додољон Атовуллоев аз «насињатфармоён», ки ба бањси миёни ўву Кабирї хотима гузоштан мехоњанд ва ин бањсро ба суди њукумат тарљењ медињанд, чунин аст: «… барои ман давлати Тољикистон муњимтар аст. Роњи Кабирї роњ ба љазирист. Роњ ба асри миёна. Роњ ба сўи толибони ниќобпўш ва галстуку шляпаву кепкапўш аст. Носењони гиромулќадр, худро бошед».

Њамчунин дар ин гуфтоварди чун устухон дар гулўи палидони нањзатї  дармонда ќазияи аз ислом даст кашидани Кабирї ва минбаъд худро њамчун «лидери оппозитсияи тољик» муаррифї кардани ў мавриди интиќоди Додољон Атовуллоев ќарор гирифтааст, ки дар навбати худ тавонистааст портрети аслии Кабирии террористиро тасвир ва ногуфтањои њар фарди худогоњу бонанги тољикро дар ин хусус ифода бикунад. Додољон Атовуллоев бо ба миён гузоштани суоли аљибе мавќеи Кабирии худбохтаро дар олами терроризм чунин арзёбї мекунад: "…одаме, ки ба номи Худо карйера сохт, аз харсаворї ба мерседессаворї гузашт, имрўз аз номи Худову динаш даст мекашад, магар метавонад мавриди эътиќод бошад?… Агар Кабирї худро роњбари к..нтењои Тољикистон эълон кунад, бутпараст ё бехудо эълон кунад њам, Кабирї барои ман як шогирди ношуди Ал-Баѓдодї хоњад монд. Ал-Баѓдодї бо Калашников мекушад. Ал-Файзободї бо тўњмату бўњтон. Бо макру њиял. Аз паси парда. Аз паноњгоњ».

Дар фарљоми сухан Додољон Атовуллоев падари фитнагарони бахтбаргашта – Ал-Файзободиро ба бањси озоду рў ба рў (чи дар фазои маљозї ва чи дар мизи музокира) даъват кардааст, ки мо онро бењтарин насињатнома барои Кабирї мешуморем.

Додољон Атовуллоев ба Кабирї таъкид намудааст, ки ба умеди чанд фейку чанд гумном нашавад. Ваќти он фаро расидааст, ки мисли њар марди соњибном сањфаашро дар Фейсбук фаъол кунад ва дар майдон мардона маѓлубиятро ба сар гирад. Бас аст аз паси парда "сиёсатбозї" кардан, бо макру њиял, бо найрангу дасиса, бо дурўѓу буњтон аз рўи сенарияњои обшуставу беоќибат наќшофарї намудан! Оќибати роњи каљ њамин аст, бандагї, шармандагї, сарафкандагї!

Дар њошияи ин Посухи дандоншикани Додољони Атовулло ба Кабирї  ва тамоми косалесону ољизакони ў андешасозињо зиёданд ва бешак аксари андешамандон гуфтањои Додољони Атовуллоро љонибдорї карда, дар пайравии ў селаи номањои лаънату нафринро бар сари бахтбаргаштагони нањзатї рехта истодаанд. Зеро ин навишта:

  1. Пурра њаќиќати њолро дар хусуси касифию палидию разилию њаќирию љазирии Кабирї ва бодовардањои ташкилоти террористиаш ифода кардааст;
  2. Симои аслии хоинони миллат – Кабирї ва пайравони ўро, ки бо њар ниќоб ва аз паси пардаи њиллаву найранг баромад мекунанд, ба љомеа шиносонидааст;
  3.  Нотавонию заъифии командаи њарзагўёни ТТЭ ЊНИ-ро, ки маблаѓњои бузурги хољагони Кабириро бо намоиши бењунаронаи «театри лўхтак» дар Аврупои асри ХХI ба боди фано медињанд, ошкоро маълум намудааст;

 

Кодир Рухов, таҳлилгар