Додоҷони Атовулло дар “Ногуфтаҳо” ҳама гапро гуфт

Додоҷони Атовулло дар “Ногуфтаҳо” ҳама гапро гуфт

Матлабе ки дар сањифаи фейсбукии Додољони Атовулло рӯзноманигори саршиноси тољик бо унвонии «Ногуфтањо ё дар интизори аломати нуқта» ба нашр расидааст, агарчи хеле кўтоњ аст, вале сахт такондињанда мебошад. Рўзноманигор дар ин матлаби кўтоњ ва пурмаънои хеш, ки онро дар шакли хоњиш баён намудааст, чанд нуктаро равшан намуда тавзењ медињад.


Дар банди аввал, ки «Миёнаравњо»  ном дорад, Атовуллоев таъкид менамояд, ки 25-30 бор аст наздам меоянд ва ё телефон мекунанд, ки ба Кабирї сулњ кунам. Воќеан, дуруст ќайд мекунад, ки бо Кабирї созиш кардан ва ба ў пайвастан хиёнат ба озодї, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст. Ин бањои Атовуллоев дар нисбати Кабирї воќеї ва мунсифона аст. Зеро Кабирї лухтаки сохтаи дасти охундњои шиамазҳаби эронист, ки дар он њељ гуна озодї вуљуд надорад. Эътимод намудан ба нафаре ки ба ҷуз аз манфиатњои молиявии хеш арзиши дигареро дар сар намепарварад, хиёнат ба Ватан, Миллат  ва њамаи муќаддасоти инсонӣ аст. Дар хиёнаткории Кабирї ва њаммаслакони вай, ки дар солњои 90-уми ќарни гузашта тамоми ќуввањои демократиро фиреб дода, дар нимароњ њамаи онњоро канор заданд ва онњоро бадном намуданд, Додољон Атовуллоев шоњиди бевосита буд.

Дар банди дуввуми ин навиштор, ки унвони «Насињатфармоён» ном дорад, рўзноманигор гуфтаҳои насињатгарони фиристодаи Кабириро меорад, ки  «бале, Кабирї палид аст. Аммо бањси Шумо бо ў ба суди Ҳукумат аст». Дар ин маврид Атовуллоев ба онҳо воќеан дурандешона ҷавоб медиҳад ва манфиатҳои миллиро аз ҳама боло мегузорад.  Ў хеле хирадмандона  љавоб медињад, ки «њукуматњо меоянду мераванд, аммо барои ман давлати Тољикистоне муњимтар аст».  Чунин навъ андешаро танњо касе карда метавонад, ки барояш пас аз њазорон соли бедавлатиҳо соҳибдавлат шудани тоҷикон хело муҳим аст. Ҳамчунин ин андешаро нафаре баён мекунад, ки ӯ аз вазъи бархурдҳои геополитикии қудратҳои  ҷаҳон огоҳ аст ва хатари аз байн рафтани миллатҳо ва давлатҳоро эҳсос менамояд. Дар идомаи ин матлаб Атовуллоев қайд мекунад, ки “Роҳи Кабирӣ роҳ ба ҷазирист, роҳ ба асри миёна. Роҳ ба сўи толибони тоқипӯш ва галстуку шляпаву кепкапӯш аст”. Дар ин навиштаи кӯтоҳ рӯзноманигор воқеан дунявияти давлати Тоҷикистонро авлавият медиҳад ва идеологияи вопасгаро, ифротӣ ва асримиёнагии наҳзатиро, ки мисли гурӯҳҳои дигари террористӣ, аз қабили Ҳаракати Толибон, ДИИШ, Алқоида ва амсоли онҳост, бармало инъикос мекунад. Аз тарафи дигар онҳоро ҳамон террористоне ки зоҳири худро иваз намудаанд ва тоқиву галстук ва шляпаву кепка пўшидаанд, аммо ақоидаашон ҳамон ақидаҳои тахрибкоронаи асримиёнагист, арзёбӣ менамоянд. Ва аз “носеҳон” мехоҳад худро бошанд.

Дар қисмати сеюми ин навишта ки унвонии “Коршиносон”ро дорад чунин матлаберо мавриди баҳс қарор медиҳад, ки нафароне, ки дар Россия ба доми Кабирӣ афтодаанд чунин гўишеро роҳандозӣ мекунанд: “Кабирӣ аз ислом даст кашида дигар номи ҲНИТ”-ро амр кардааст, ки ба забон наоваранд ва ӯро чун раиси Паймони миллӣ, лидери оппозитсияи тоҷик ном баранд”. Аммо посухи Атовуллоев чеҳраи воқеии Кабириро ошкор месозад: “Одаме, ки ба номи Худо карйера сохт, аз харсаворӣ ба мерседессаворӣ гузашт, имрӯз аз номи Худову динаш даст мекашад, магар метавонад мавриди эътиқод бошад”, дар ин ҷавоб Атовуллоев нишон медиҳад, ки Кабирӣ ҳама арзишҳоро мавриди сӯистифода қарор медиҳад ва барояш танҳо ҳадафҳои худаш, яъне ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ муҳим аст. Аз тарафи дигар бо ин роҳ Кабирӣ мехоҳад худро демократу озодандеш ва мудерн  вонамуд созад, то кулоњбардорї намуда, аз озодии инсону демократия шиор созад ва дўкони манфиатњои хешро гардон намояд. Ҳарчанд бо иваз шудани ном ва зоҳир андешаҳои ботили асримиёнагии ин нафар ва сарпарастҳои охундњои мазҳабиаш фарқе нахоҳанд кард. Дар идомаи ин матлаб Атовуллоев Кабириро шогирди Ал-Бағдодӣ меномад, ки дуруст аст. Амалҳои ин ду нафар, ки роҳбарони созмонҳои террористианд, хеле шабоҳат доранд.

Дар бахши чорум ки унвонии он “Ҳукумат” аст Атовуллоев ба ҳукуматиён муроҷиат мекунад ва мегӯяд:  “Ман аз шумо ҳеҷ гоҳ чизе нахостаам. Шумо маро хуш надоред, ман шуморо. Аммо имрӯз бо як дархост муроҷиат менамоям: илтимос, ҳамин мори дар остин парвардаатонро баргардонед, боз як бор бозори занашро ба ӯ баргардонед, вакил интихобаш кунед, ки нагузоштед, дар Ватан бошем, ҳадди ақал дар Аврупо ором нафас гирем”. Ин матлабро Атовулло аз худњоњињои Кабирї ва аз чандчењрагии вай меовард, ки то замоне дар Тољикистон вакил буд ва соњиби дороињои њанагуфт буд, рафтораш дигар буд, вале пас аз он ки дороињояшро аз даст дод ва даст ба кудатои сиёсї заду ба Аврупо фирор намуд, кори аслиаш бадгўии давлату Ҳукумати Тољикистон шуд. Навишати Атовуллоев бозгӯкунандаи он аст, ки Кабирӣ палидтарин инсонест, ки бо ҳар шева ва бо ҳар роҳ мехоҳад ба мақсади бади худ расад.  Вай барои расидан ба хостаҳояш аз ҳама восита истифода намояд.

Дар бахши панҷум, ки унвони “Кабириро” дорад, Додоҷони Атовулло  Муҳиддин Кабириро ба баҳси як ба як даъват мекунад, то ҳақиқати ҳол равшан шавад. Атовуллоев ба ҳақ будани худ дар муқобили Кабирӣ боварии комил дорад ва барои фош сохтани амалҳои нангини ӯ омодааст.

Дар поёни ин навиштор ки унвонии “Мардум”-ро дорад, Атовуллоев ба мардум муроҷиат мекунад, ки оё Шумо тарафдори баҳси озоди руёруи фейсбукии ман бо Кабирӣ ҳастед? Яъне вай ҳаққи довариро дар ин баҳс ба мардум медиҳад.

Дар ин навиштаи кўтоњи пурмаъно воќеияти њоли Муҳиддин Кабирї ва афроди гумроњ намудаи ўро Атовуллоев бисёр муассир ва танзомез инъикос кардааст. Вазъияти ҳозираи ТТЭ ҲНИ ва мақсади он дар ҳамин навиштаи Атовуллоев ба таври аниқ нишон дода шудааст.

 

Эҳсони Илҳом