Корҳои сохтмонӣ дар қабати якуми ду бинои 12 ошиёнаи хобгоҳҳо барои устодони Донишгоҳи давлатии Данғара бо маром ҷараён дорад.
Сохтмони иншоот дар кӯчаи Исмат Шарифови ҷамоати шаҳраки Данғара ҷойгир буда, дар ҳар як ошиёна ду хонаи иборат аз 1 ҳуҷрагӣ дар масоҳати 52,80 м.м. дар умум 48 хона ва ду хонаи ду ҳуҷрагӣ дар масоҳатӣ 67,84 м.м. дар умум 48 хона, ки барои таъмини 96 оилаи устодон бо хонаҳои хизматӣ пешбинӣ гардидааст.


