УСТОД РӮДАКӢ - БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТ ТОҶИК

    22-юми сентябри соли 2026 тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ дар толори Шурои олимон бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Ба кори чорабинии илмӣ муовини ректор оид ба илм Олимзода Р.А. ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши сардафтари адабиёти классики тоҷик Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷик маълумот ироа намуд.

Сипас, аз тарафи устодон чунин маърузаҳо пешниҳод гардиданд: 1. н.и.ф. Абдуев Э. -“Худшиносӣ ва муҳаббати ватан дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ”;

1. н.и.ф. Давлатов У.М. - “Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – асосгузори жанри рубоӣ”;

2. н.и.ф. Шаробова М.Қ.-“Рӯдакӣ – шоири қофиласолори ҷаҳонии каломи сухан”;

3. Ахатова Н.А.- “Панду ҳикмат дар рубоиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”.

Дар фарҷоми семинар аз тарафи донишҷӯёни факултет аз ашъори Устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат гардиданд.