НАСИҲАТИ ПАДАРОНА

Ғолиби ШОҲҶОИЗАИ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик дар соли 2025, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси «Ҳуқуқи байналмилалӣ»-и Донишгоҳи давлатии Данғара Анушервон Раҳимов, дар доираи сафари расмии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар бо Сарвари давлат суҳбати самимӣ анҷом дод.

Санаи 4 сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо иштироки аҳли зиё, ҷавонон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот намуда, ҳамзамон Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин»-ро ифтитоҳ карданд. Дар ин мулоқот яке аз лаҳзаҳои хотирмон суҳбати Сарвари давлат бо ҷавони китобдӯсту донишманд — Анушервон Раҳимов буд.

Пешвои муаззами миллат зимни суҳбат аз Анушервон оид ба нақшаҳо ва ҳадафҳои ӯ барои оянда пурсон шуданд. Анушервон бо ифтихор аз донишгоҳе, ки дар он таҳсил менамояд, изҳор дошт, ки баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Данғара мехоҳад фаъолияти худро дар ҳамин муассисаи таълимӣ идома дода, ба ҳайси омӯзгор кор кунад ва таҳсилро дар зинаи магистратура идома дода, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шавад.

Дар идома Пешвои муаззами миллат ба Анушервон Раҳимов маслиҳати падарона дода, таъкид намуданд: «Ҳатман таҳсилро идома бидеҳ ва дар донишгоҳ фаъолият намо. Фаромӯш насоз, ки беҳтарин роҳро интихоб намудаӣ!»

Ин суханони Пешвои муаззами миллат барои як ҷавони донишҷӯ на танҳо тавсияи одӣ, балки эътимод, дастгирӣ ва роҳнамои падаронаи Сарвари давлат ба ҳисоб мераванд. Суҳбати кӯтоҳи Пешвои муаззами миллат бо ин ҷавони донишҷӯ боз як далели таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба насли ҷавон, рушди илм, маориф, китобхонӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат мебошад. Насиҳати падаронаи Пешвои муаззами миллат барои Анушервон Раҳимов метавонад дар зиндагии минбаъдаи ӯ ҳамчун роҳнамои муҳим ва масъулияти бузург нақш гузорад. Зеро вақте ҷавон аз ҷониби Сарвари давлат барои идомаи таҳсил, фаъолияти омӯзгорӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дастгирӣ меёбад, ин эътимод ӯро водор месозад, ки бо масъулияти бештар роҳи интихобкардаашро идома диҳад.

Ин лаҳзаи фаромӯшнашаванда барои Анушервон Раҳимов на танҳо хотираи ширини як мулоқот, балки саҳифаи муҳим дар роҳи зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти илмии ӯ мебошад. Зеро сухани падарона дар роҳи ҷавон метавонад чароғе бошад, ки роҳи фардоро равшан месозад.