РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ СОКИНОНИ ДИЁРИ ФАЙЗБОРИ ДАНҒАРА

5 сентябри соли 2026 сокинони диёри файзбори Данғара баҳри истиқболи 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳпаймоии осоишта баромаданд.

Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара бо бардоштани шиору овезаҳои ифодакунандаи арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва рушди Ватани маҳбубамон дар ин чорабинии пурҷиллои таърихӣ фаъолона иштирок намуданд.