4 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиши тантанавии идона дар ҳошияи таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо, Ректори донишгоҳ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо сухании ифтитоҳии хеш бахшида ба 35- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳния намуданд.
Сипас, 55 нафар кормандону омӯзгорон барои фаъолияти босамари меҳнатӣ ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ба Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандон, ки тараннумгари меҳру садоқат ба Ватан, арҷгузори ба истиқлолу озодӣ буд, ҳамоишро рангину гуворо намуд.


