НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ АЛМА-АТО

 Тайи рӯзҳо 27-28 июни соли 2026 Намоиш-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дар шаҳри Алма-Ато-и Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дорад.

Дар чорабини мазкур намояндагони Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок намуда, маҳсул ва натиҷаҳои Парки технологию инноватсионии донишгоҳро шоиста муаррифӣ намудаистодаанд.