ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – КАФИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Халқи тоҷик баъд аз давлатдории Исмоили Сомонӣ орзуи расидан ба истиқлолияти воқеиидавлатӣ ва бунёди давлати тоҷиконро дошт. Аммо то расидан ба ин ормони таърихӣ миллати тоҷик чиқадар муборизаҳо, ҷонфидоиҳо карда, чӣ қадарҳудудҳо ва сарзаминҳои азалии маскани худро аз даст дод, ки ба ин рӯзи саодат бирасад.

35 соли Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистонро мо ба се марҳилаи таърихӣ ҷудонамудем:

❖ Марҳилаи якум – аз рӯзҳои аввалиИстиқлолият то Ваҳдати миллӣ (солҳои1991-1997 марҳилаи ҷанги шаҳрвандӣ);

❖ Марҳилаи дуюм – аз Ваҳдати миллӣ тозиндагии осоишта (солҳои 1997-2010).

❖ Марҳилаи сеюм – аз зиндагии осоишта тозиндагии шоиста (солҳои 2010 то инҷониб).

Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду мафҳумитақдирсозе мебошанд, ки бе мавҷудияти якедигреро баҳри таъмини рушду шукуфоӣ вапешрафти босубот тасавур намудан ғайримконмебошад.

❖ Марҳилаи якум – аз рӯзҳои аввалиИстиқлолият то Ваҳдати миллӣ (солҳои 1991-1997 марҳилаи ҷанги шаҳрвандӣ).

Дар ҳоле, ки 9 сентябри соли 1991 Истиқлолидавлатии мо расман эълон гардид, вале ҷангитаҳмилии шаҳрвандӣ пеши роҳи зиндагии осуда вамуаррифии шоистаи давлату миллатро гирифта, тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими рушдидавлатдориро фалаҷ сохт.

Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии дохилӣ зиёда аз150 ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокатрасиданд, аз ҷумла террори олимону зиёиён ва сиёсатмадорон, қариб як миллион нафар бехонумонва гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда шуд ва садҳокорхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Хисороти умумӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣмаблағи беш аз 10 миллиард доллари ИМА - ро ташкил дод.

Қатъ гардидани муносибатҳоидипломатӣ бо кишварҳои хориҷ, гусастаниравобити печдарпечи хоҷагидорӣ бо дигаркишварҳои собиқ шуравӣ, фирори башиддатимағзҳо ба хориҷ ва садҳо талафоти дигар, киасароти онҳо то имрӯз дар вазъи иҷтимоиюиқтисодии ҷумҳурӣ эҳсос карда мешавад.

Вазъияти фавқулода ва хатарноке, ки дар ҳудудиҶумҳурии Тоҷикистон он вақт ба миён омада буд, андешидани чораҳои фавриро тақозо менамуд. Даъвати Иҷлосияи таърихии XVI Шурои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанддар шароити онвақтаи ҷумҳурӣ, ҳоло бо гузашти седаҳсола маълум шуд, ки роҳи ҳалли ягона ва дурустбуд ва кишварро ниҳоятан аз вартаи ҳалокат раҳоӣбахшида, пеши роҳи порашавии сарзамин, парешонии мардум ва нобудии давлати навинитоҷиконро гирифт.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияимазкур интихоби дуруст ва муносиби роҳбари навиҷумҳурӣ буд. Раиси Кумитаи иҷроияи Шуроивилоятии вакилони вилояти Кӯлоб, вакилимардумии даъвати XII Шурои Олии ҶумҳурииТоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович бо 186 раъй аз 197 вакил Раиси Шурои Олии ҶумҳурииТоҷикистон интихоб гардид. Он вақт роҳбариҷавони Тоҷикистон ҳамагӣ 40-сола буд ва дар корироҳбарии сатҳи олӣ таҷрибаи кофӣ надошт. Аммо ӯчанд сифати олии фарқкунандае дошт, ки онҳорошахсони дар кори роҳбарӣ таҷрибаи зиёддошта ва дар вазифаҳои роҳбарии сатҳи ҷумҳурӣфаъолияткарда надоштанд. Сифатҳои ба худ хосироҳбари ҷавони Тоҷикистон, ба назари мо хирадиволо, ақлу заковати қавӣ, ҷасорату мардонагиифавқулода ва барои халқи тоҷик азхудгузаштанҳодар вазъияти мураккаби ҷангӣ буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарнахустин суханрониҳояшон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли чор вазифаибасо душвор вале муҳимро ҳадафи олии хеш қарордод:

1. Қатъи ҷанги бародаркӯшӣ ва дарёфти сулҳ;

2. Ба Ватан баргардонидани гурезагону оворагон ва беҷошудагони хориҷӣ ва дохилӣ;

3. Ҳифзи тамомияти арзии давлати тозаистиқлолитоҷик;

4. Рушди Тоҷикистон.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарроҳи хомӯш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣроҳи муҳиму самаранок – музокиротро пеш гирифта, бо ин роҳ қувваҳои мухолифро сари мизимузокирот даъват намуд.

Новобаста ба давраҳои тӯлонии музокиротСарвари давлат аз андешаи расидан ба натиҷаишаҳдбори сулҳу ошти қафо нагашт ва билохирақувваҳои мухолифро мутмаин сохт, ки мо ба ғайраз имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳидигари эҳё ва ҳифзи давлати миллии тоҷиконронадорем.

Дар қатори масъалаҳои муҳиме, ки Пешвоимуаззами миллат дар он шабу рӯзҳои аз ҷонгузаштанҳо дар назди худ гузошта буданд, инсоҳиби намудани халқи парешон гаштаву гуреза ба Ватан ва таъмини сарҷамъию пойдории тоҷик буд.

Президенти мамлакат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зери шиори “То охирин тоҷикро ба Ватанбарнагардонам, ором нахоҳам буд!” 5 маротиба ҷонба кафи даст сафари Афғонистон ихтиёр ва босарварони мухолифин, роҳбарияти Афғонистон, намояндагони кишварҳои миёнарав ва созмонҳоибайналхалқӣ мулоқот намуд. Ӯ ба суханони худсодиқ монд ва охирин тоҷикро ба Ватанбаргардонд, дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон хомӯш кард.

Инчунин, барои ором намудани вазъияти ҷангӣдар ҳоле, ки амнияти Роҳбари давлат кафолат дода намешуд ба минтақаҳои ҷангзадаи ҷумҳурӣ сафарнамуда, бо мардум рӯ ба рӯ мулоқот намуд ва шуълаи оштиву сулҳ ва ваҳдати митақаҳоро дар дили онҳо фурӯзон намуда, кафолати субот гардид.

Рафтори қаҳрамононаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас азсӯйиқасди 30 апрели соли 1997 дар шаҳри Хуҷанддалели равшани он аст, ки душманони миллат ҳарчанд кӯшиш намуданд, вале натавонистанд ӯроаз роҳи интихобкардааш баргардонанд. Ӯ бозахмҳои зиёди бадан барномаи сафарро идома додва дар Театри Камоли Хуҷандӣ бо намояндагонимардуми вилояти Суғд мулоқот кард ва мардумроба сулҳу ваҳдат ва якпорчагии сарзамин даъватнамуд.

Хушбахтона ин ҳама талошҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон самар дод ва 27 июни соли 1997 дар шаҳриМоскваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гардид ва дар таърихи Тоҷикистони навин бо хатҳои зарринсабт шуда, ба насли оянда чун дастоварди бузург бамеърос мемонад.

Омӯзиши таҷрибаи имзои созишномаҳои сулҳӣмиллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, кидар аксар маврид муқаррароти он сошишномаҳоиимзогардида иҷро намешавад, ки сабаби бозҳамшиддат гирифтани вазъият ва даргириҳо мешавад.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиитоҷикон ин ҷавҳари иродаи дурбинона ва одилонаиРоҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, китамоми нуктаҳои манфиатҳои тарафи мухолифинробо нозукбинии сиёсӣ фаро мегирифт ва маҳз ҳаминсиёсати хирадмандона буд, ки он дар сатҳи баландиҳамдигарфаҳмӣ ба пойдории сутунҳои Истиқлолидавлатӣ ва рушди инкишофи давлати Тоҷикистонзаминаи муҳим гузошт.

❖ Марҳилаи дуюм – аз Ваҳдати миллӣ тозиндагии осоишта (солҳои 1997-2010).

Расидан ба Ваҳдати миллӣ ормону орзӯҳоимардум амалӣ гардида, рӯ ба зиндагии осиштаовард. Дар аввалин қадамҳои марҳилаи зиндагииосоишта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои бунёди давлатидемократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки фаъолияти он баҳритаъмини ҳаёти осоиштаи мардум равона шуда буд, иқдомҳои созандаеро пеш гирифт.

Бо мақсади такмил додани заминаи ҳуқуқиикишвар қабули Конститутсия ба ислоҳоти ҳуқуқӣсуръати тоза бахшида шуда, давра ба давра амалӣгардидани ин ислоҳот як қатор санадҳои меъёрииҳуқуқие ба тавсиб расиданд, ки барои ноилгардидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлатидемокративу ҳуқуқбунёд нигаронида шудаанд.

Дар асоси муқаррароти Конститутсия ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарасоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ амалӣгардид.

Соли 1999 дар асоси тағйиру иловаҳои баКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонворидгардида бо таваҷҷӯҳ ба таъсиси парламенти касбӣ, ки имконияти такмили сифатии қонунҳо ваифодаи пурратари манфиати воҳидҳои ҳудудииалоҳида ва табақаҳоро фароҳам меовард, сохторипарламенти думаҷлиса Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонташкил карда шуд, ки ҳамчун мақоми воқеанқонунгузор ва намояндагӣ ба сифати мақомрасмият пайдо кард ва он дар фаъолияти худманфиатҳои ҳама табақаҳои ҷамъиятро ифодаменамояд.

Дар ҳамин давра сохторҳои ҳокимияти иҷроиямавриди ислоҳот қарор дода шуда, вазоратуидораҳои нав бо назардошти амалисозии сифатноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои муҳимиидоракунии хоҷагии халқи кишвар такмилу таъсис ёфтанд. Яъне, заминаҳои муҳими қонунӣ дар тамоми самтҳо фароҳам гардид.

26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №415 дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварданивоҳиди нави пули миллии кишвар “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори давлати мутамаркази тоҷиконИсмоили Сомонӣ номгӯзори шудааст, ба имзорасид.

24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон“Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта шуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва муассисаҳои давлатӣ Парчамидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмиятдаромад.

Дар ҳамин марҳила се ҳадафи стратегии мамлакат: - баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ; - таъмини амнияти озуқаворӣ; - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ муайян гардида, дар ин росто даҳо барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳоисармоягузорӣ таҳия ва татбиқ карда шуд.

Дар ин давра сохмону таҷдиди роҳҳоимошингард, пулҳо ва нақбҳо, аз ҷумал, шоҳроҳимошингарди Душанбе-Қурғонтеппа, Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанок, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон, Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён ваДушанбе-Данғара оғоз ёфта ва ба поён расонидашуд.

Дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шуруӯ намуда, аз ҳисоби ҳамагуна шаклҳои фаъолият зиёда аз 870 ҳазор ҷойҳоикории нав муҳайё гардид.

Конститутсияи кишвар пешбинӣ кардааст, ки “Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқметавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳоибайналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бокишварҳои хориҷӣ робита намоянд”.

Бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналмилалӣ соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” қабул гардида, муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муайя намуд. Ҳамчунин фармонҳоиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид баифтитоҳи сафоратхонаҳо, низомномаҳо дар бораиСафорат, муқаррароти асосии ташрифоти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон, як қатор қарорҳоиҲукумати кишвар барои фаъолияти хадамотидипломатии ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии вобаста басиёсати хориҷиро ба вуҷуд оварданд.

31 декабри соли 2002 Президенти кишвар зимни муроҷиатномаи солинавии худ ба мардумиТоҷикистон усули “сиёсати дарҳои кушода”-ро дар сиёсати хориҷӣ эълом кард.

То ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарорнамуда, узвияти худро дар 57 созмонибайналмилаливу минтақавӣ ба расмият даровардааст.

❖ Марҳилаи сеюм – аз зиндагии осоишта тозиндагии шоиста (соли 2010 то инҷониб).

Марҳилаи мазкур ба давраи шукуфоӣ ва рушди босуръати иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, аҳолии кишвар ба зиндагии шоиста қадам ниҳоданд. Воқеияти ҳаррӯзаи зиндагии мардум, саҳмгузории дастҷамъона дар корҳои ободонию созандагӣ, бунёди хонаҳои истиқоматии ҳозиразамон, фаъолияти пурсамарӣ муассисаҳои таълимию тандурустӣ, дастрасӣ ба ниёзи аввалия ва хизматрасониҳои маишӣ, сайри мардум дар боғу гулгаштҳои фароғатӣ ва рушди сайёҳии дохилӣшаҳодати зиндагии шоистаи мардум аст.

Яке аз масъалае, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ гузошт, ин зиндагии шоистаи мардум буд, ки дар солҳоиҷангӣ сатҳи камбизоатӣ ба 83 фоиз баробар буд, кибарои коҳиш додани ин талошу заҳматҳои зиёдротақозо менамуд. Яъне, 83 дарсади аҳолии кишвардар сатҳи поинтар аз фақр зиндагӣ мекард ва бароизинда мондан қути лоямут меҷуст.

Аз он рӯзҳо то замони мо вазъият ба куллӣтағйир ёфт. Талошҳои Сарвари давлат самараиниҳоят хубе ба бор оварданд. Шуруъ аз ибтидои солҳои дуҳазорум, вақте оромию субот дар кишвартаъмин гардид, то инҷониб иқтисодиёти миллӣ яктамоюли устувори рушдро нишон дода истодааст, ки суръати рушди солона на кам аз 6 фоизроташкил медод. Дар ду даҳсолаи охир сатҳизиндагии мардуми кишвар беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли1999 то ба 19 фоиз дар соли 2025 коҳиш дода шуд.

Тибқи ҳадафи дурнамои Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 коҳиш додани нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ то ба 11 фоиз расонида хоҳад шуд.

Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳарсари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазорсомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли2025 расонида шуд. Аҳолии кишвар аз 8,5 миллионнафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ванишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 солрасида, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиардсомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дарсоли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

Шоистаи зикр аст, ки дар натиҷаи амалисозиитадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намуданирушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромадибуҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромадсол ба сол афзоиш ёфтаистодааст.

Агар буҷетидавлатӣ дар соли 2011 8,3 миллиард сомонӣбаробар бошад, дар соли 2026 он ба 65 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки зиёдшавии ҳаҷмибуҷети давлатӣ нисбат ба соли 2011 55,7 миллиард сомонӣ ё худ 672 фоизро ташкил медиҳад.

Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ панҷ маротиба –солҳои 2022, 2023, 2024, 2025 ва 2026 дар маҷмуъба андозаи 120 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом дар доираи сиёсати иҷтимоимеҳвари Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонроҳандозӣ гардида, дар таъмини зиндагии шоистаи аҳолии кишвар нақши созгоре дорад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ чандин пешниҳодуташаббусҳои созандаи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷонибиҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд, ки обрӯ ваэътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсафдар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумламасъалаҳои обу экология, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ваамнияту гуманитарӣ таҳким бахшид.

Бо саъю талошҳои Пешвои муззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз, китаърихи беш аз 6000 – сола дорад, мақомибайналмилалиро соҳиб гардид. “Шашмақом”, “Саразм”, “Боғи миллии Тоҷикистон”, “Наврӯз” ва “Чакан” ба феҳристи мероси чаҳонӣ ва феҳристимероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО воридкарда шуд.

23 майи соли 2026 Ҷоизаи байналмилалииАбӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асосифармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бомақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди фарзонаимиллати тоҷик, донишманди бузурги ориётабор Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушдиилми тиб дар ҷаҳон таъсис ёфт.

15 июни соли 2026 бо мақсадиҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ бароисаҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳоибайналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунинҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбиииқлим дар асоси фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис додашуд.

Ташаббусҳои навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи шинохту муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсатҳи байналмилалӣ нақши таърихан муҳимгузошта, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба давлати пайгирикунандаи масъалаҳои муҳими рӯзномаиҷаҳонӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Ҳамин тавр, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар ин роҳи мураккаби давлатсозӣ ба сифати асосгузори давлати навини миллии тоҷикон – Тоҷикистон кафили Ваҳдати миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум гардида, дартаърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик нақшибесобиқа ва беназирро касб намуд ва ин марҳила ба рангинтарин ва пурҷиллотарин саҳифаҳои таърихи миллати сарбаланди тоҷик шомил мегардад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ