(конференсияи илмӣ-назариявӣ)
24 июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.
Конференсияро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик буда, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори давлат, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Дар ҷараёни конференсия маърузаҳои илмӣ оид ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, иштирокчиён масъалаҳои муҳими таҳкими сулҳу субот, эҳтироми арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва нақши ҷавононро дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини ректор оид ба илм Олимзода Раҳмонали Амонали дар мавзуи «Ваҳдат – василаи саодати миллат», профессор Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич дар мавзуи «Истиқлол – ягона роҳи саодати инсони мутамаддин» ва номзади илмҳои фалсафа Арбобзода Баҳодур дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – кафили субот ва таҳкими давлатдории миллӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Маърузачиёни конференсия таъкид намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои миллат ва пояи асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзиши бузург дошта, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад. Дар ин замина, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ махсус арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҳкими минбаъдаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа ба пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.


