ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗАДОРИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИД

13-14 июни соли 2026 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия мусобиқаи варзишии Russian Judo Tour баргузор шуд.

Варзишгари тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Данғара - Ғаюбов Шокир байни ҷавонону наврасони то 21 сола дар вазни то 60 кг иштирок ва арзанда маҳорати баланди варзишӣ нишон дод ва ба гирифтани ҷойи 3-юм дастёб гашт.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара Ғаюбов Шокирро, барои пирӯзиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ ва боло бардоштани Парчами кишвар табрик намуда, дар идомаи таҳсил ва фаъолияти варзишӣ барору муваффақият таманно менамояд.