ҶАВОНОН - ТАТБИҚГАРИ СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

       5 майи соли 2026 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Данғара семинари илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Ҷавонон - татбиқгари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” бо иштироки раиси ноҳияи Данғара – Саломзода Сиҷоуддин, аҳли маорифи ноҳия, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён-хатмкунандагон баргузор гардид.

    Дар оғоз Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара меҳмононро хайрамақдам гуфта, аҳли раёсатро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.

    Ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар бораи тадбирҳои амалии донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар раванди татбиқи босамари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

    Раиси ноҳияи Данғара – Саломзода Сиҷоуддин зимни баромади хеш аз ғамхориҳои доимии Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф ёдовар шуда, зикр доштанд, ки имрӯз дар доираи сиёсати муваффақонаи Роҳбари давлат мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

    Ҷавонони мо бо нерӯи бузургу ояндасози худ на танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳсили илм намудистоданд, қисме аз онҳо дар соҳаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ ба сифати мутахассисони ҷавону кордон фаъолият намуда, чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат саҳми худро дар пешрафти Ватани азизамон гузоштаистодаанд, ки мояи ифтихор аст.

    Аз ин лиҳоз, донишҷӯёнро мебояд, аз кирдорҳои ношоиста, ҷинояту ҷинояткорӣ ва оворагардӣ худдорӣ намуда, бо истифода аз шароити муосири фароҳамгардида касбу илм омӯзанд ва дар қатори дигар ҷавонони саодатманди Ватан баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, хоки муқаддаси Ватан ва гулгуншукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.