(17.12.1975 – 28.03.2026)
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара аз марги нобаҳангоми олими шинохта, омӯзгори асил ва инсони нексиришт Ҳафизов Абдунасир Абдукаримович сахт андӯҳгин мебошанд.
Ҳафизов Абдунасир 17 декабри соли 1975 дар деҳаи Истошони ноҳияи Мастчоҳ, дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, таҳсилоти миёнаи умумиро дар мактаби деҳа гирифтааст. Ӯ солҳои 1993-1996 дар Совхоз-колеҷи ноҳияи Мастчоҳ (ҳоло Колеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ) таҳсил кардааст. Соли 1997 мувофиқи шартномаи байни Совхоз-коллеҷ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дохил шуда, соли 1999 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардааст. Бо тавсияи комиссияи аттестатсияи хатм Ҳафизов Абдунасир соли 1999 ба таҳсили магистратура оғоз намуда, онро соли 2001 бо дипломи аълои магистри хоҷагии қишлоқ хатм намудааст.
Марҳум солҳои 2001-2004 ба ҳайси аспиранти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ҳамин донишгоҳ корҳои илмию таҳқиқотиро таҳти роҳбарии академик Набиев Толиб иҷро кардааст. Ӯ соли 2009 рисолаи номзади илмҳои кишоварзиро дар мавзуи «Усулҳои парвариши навъҳои нави пахтаи миёнанах дар шароити водии Ҳисор» ҳимоя карда, соҳиби дараҷаи илмӣ гардидааст.
Фаъолияти педагогии Ҳафизов Абдунасир Абдукаримович аз соли 2004 дар кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур оғоз меёбад. Ӯ ҳамчун омӯзгори фанҳои пахтапарварии растанипарварӣ, асосҳои таҳқиқоти илмӣ, селексия ва тухмипарварӣ дар твълиму тарбияи кадрҳои зиёд саҳми арзанда гузоштааст. Марҳум дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур то соли 2013 ба ҳайси ассистенти кафедра, муаллими калон, ҷонишини декан оид ба таълим фаъолият кардааст.
Фаъолияти касбии Ҳафизов Абдунасир Абдукаримович дар Донишгоҳи давлатии Данғара аз 24 сентябри соли 2013 ба ҳайси декани факултети муҳандисӣ оғоз ёфтааст. Ӯ аз сентябри соли 2016 декани факултети аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиии донишгоҳи мазкур ва аз моҳи сентябри соли 2017 мудири кафедраи агротехнологияҳои нав ва амнияти озуқаворӣ, аз моҳи ноябри соли 2022 декани факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ, аз моҳи марти соли 2023 то моҳи декабри соли 2025 декани факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ ва аз моҳи декабри соли 2025 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ҳамчун мудири кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият кардааст. Мавсуф вазифаҳои пурмасъули болозикрро содиқонаю софдилона ва бо ҳисси баланди ватандӯстию инсонпарварӣ ва сарбаландона иҷрокардааст. Дар баробари ин ӯ ба ҳайси омӯзгори ботаҷрибаи кафедраи агротехнология фаъолият бурдааст.
Ҳафизов Абдунасир Абдукаримович пайваста ба корҳои илмию таҳқиқотӣ доир ба роҳҳои самараноки парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ба хусус пахта машғул буд. Натиҷаҳои таҷрибаҳои илмии ӯ оид ба таъсири нуриҳои гуногун, меъёри кишт, обёрӣ ва дигар омилҳо ба ҳосилнокии навъҳои гуногуни пахта барои деҳқонон ва олимони ҷавону унвонҷӯён ҳамчун дастури роҳнамо истифода бурда мешавад. Тайи беш аз 25 соли фаъолияти касбии хеш мавсуф муаллифи 5 китоби дарсӣ, 1 монографияи илмӣ, 14 дастурамалҳои таълимию методӣ, 1 патент барои ихтироот, зиёда аз 100 мақолаҳои илмию оммавӣ гардидааст.
Ҳафизов Абдунасир ҳамчун омӯзгори намунавӣ, шахсияти поквиҷдону содиқ ба касби хеш, инсони некному хайрхоҳ ва боҳиммату боҳикмат дар донишгоҳ шинохта шудааст.
Марги ӯ талафоти гарон барои Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.
Ёдаш ба хайр ва хонаи охираташ обод бошад!


