28 марти соли 2026 дар домони табиати зебои диёри файзрези Данғара Ҷашни Наврӯз-2026 аз ҷониби ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара бо тантана баргузор шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз талошҳои пайгиронаи Роҳбари олии кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷаҳонӣ гардидани Ҷашни Наврӯз ёдовар шуда, ҳамаи иштрокдоронро ба тантанаи иди баҳору зиндашавии табиат ва унсури фарҳанги миллӣ табрику таҳният намуданд.
Устодону донишҷӯён бо ташкили гӯшаҳо ва оростани хони идона иборат аз ҳафт сину ҳафт шин, таомҳои миллӣ, бозиҳои варзишӣ ва базми шеъру суруд аз ҷашни аҷдодӣ истиқболу ифтихор намуданд.


