Гузориши дуюм аз рафти корҳои амалии донишҷӯён дар гармхонаи назди Донишгоҳи давлатии Данғара манзур мегардад. Дар гузориши аввал, санаи 12 феврал мо оид ба нашъунамои растаниҳои бодиринг, ки 2-3 барги ҳақиқӣ доштанд, маълумот дода будем. Дар санаи 17 марти соли 2025, пас аз як моҳ растаниҳо дар давраи гулкунии фаъолона ва мевабандӣ қарор доштанд. Баландии поя дар давраи аввали гулкунӣ беш аз 50-60 см ва дарвраи оғози ҷамъоварии ҳосил ба 80-110 см баробар мебошад. Ҳамин тавр, оғози пухтарасии ҳосил 25 март, яъне пас аз 40-45 рӯзи шинондани кӯчатҳо фаро расидааст.
Давраи гулкунии бодиринг аз 4-5 март оғоз ёфта, ҳоло дар растаниҳо мевабандии фаъолона давом дорад. Аз ин ҷо дида мешавад, ки раванди гулкунӣ бо инкишофёбӣ бо таъсири шароити мусоид хуб мегузарад. Ҳарорати гармхона дар ҳадди зарурӣ аз 16 то 20-22 дараҷаи селсия таъмин карда мешавад.
Яке аз воситаҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии парвариши сабзавот дар шароити заминҳои пӯшида, аз ҷумла дар ноҳияҳои иқлимашон дар давраи зимистону мӯътадил ва дар баҳор нисбатан гарм аз ҳисоби гармии офтоб дар давоми рӯз таъмин намудани ҳарорати оптималӣ мебошад. Аз ин рӯ гармидиҳии сунъӣ танҳо шабона истифода бурда мешавад, ки сарфи нерӯро хеле кам мегардонад.
Дар давраи нашъунамои сабзавот ғизодиҳӣ дар намуди карбамид ва витаминҳо ва обёрӣ гузаронида мешавад. Донишҷӯён бо нашъунамо ва ҳосилбандии бодиринг дар замини пӯшида аз наздик шинос шуда, оид ба технологияи парвариши растаниҳо, роҳҳои мубориза бар зидди касалию зараррасон шинос мешаванд. Таъмини талаботи растанӣ дар заминҳои пӯшида бо омилҳои ҳаётӣ ба таври оптималӣ барои нашъунамои саривақтӣ ва тез ба ҳосилбандӣ оғоз кардани онҳо мусоидат мекунад.
Вобаста ба тадриҷан баланд шудани ҳарорати ҳаво, намнокии зиёди ҳаво эҳтимолияти паҳн шудани баъзе касалиҳои замбӯругӣ дар заминҳои пӯшида ҷой дорад, ки барои пешгирии онҳо коркард бо маҳлули 1% купороси мис ё моеъи бордосӣ гузаронида мешавад. Ба сифати маводи табиӣ истифодаи дӯғи хонагӣ (зардоби ҷурғот) барои коркарди баргу пояи растаниҳо бар зидди касалиҳои бактриявию вирусӣ истифода бурда шуда, пас аз 2 рӯзи коркард, аллакай таъсири мусбати онҳо аён гардид. Истифодаи дӯғ барои парвариши бодиринг дар заминҳои пӯшида ва кушода дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои касалиҳо ба мисли зардшавии атрофи баргҳо, доғҳои зард дар паҳнаки барг тавсия дода мешавад. Такроран истифода бурдани он пас аз 12-15 рӯз мувофиқи мақсад аст. Бо мақсади гирифтани тавсияҳои истеҳсолӣ ҳамкорӣ мутахассисон оид ба парвариши зироатҳо дар заминҳои пӯшида ба роҳ монда шуда, тавсияҳои олимону мутахассисони соҳа сари вақт иҷро карда мешаванд.
Пас аз 10 рӯзи дигар, яъне санаи 27 марти соли 2026 ҳосили аввалини растаниҳо ҷамъоварӣ карда шуд. дар ҳар як растанӣ 15-20 мева инкишоф ёфтааст, ки аз ин 2-3 ва 4 мева барои ҷамъоварӣ мувофиқ аст. Ҳамин тавр, нашъунамои растаниҳо хуб идома дошта, дар марҳилаи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ обёрӣ, нарм кардани байни қаторҳо, тоза кардани алафҳои бегона, ғизодиҳӣ ва пешгирии паҳншавии касалиҳо иҷро карда мешаванд.
Пас аз ҷамъоварии ҳосили қабати поёнӣ тоза кардани баргҳои зардшуда ва навдаҳои зиёдатӣ барои давомнок намудани давраи нашъунамои растаниҳо тавсия дода мешавад. Тоза кардани баргҳои поёни ва навдаҳои иловагии поёнӣ барои гардиши ҳаво дар байни қаторҳо ва сабук гардонидани сарбори растанӣ мусоидат мекунад. Дар натиҷа омилҳои ҳаётӣ барои инкишофи растанӣ ва калоншавии ҳосил мусоидат мекунанд.
Расулзода Б.Р., н.и.к., дотсенти кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара


