Парвариши сабзавот дар заминҳои пӯшида яке аз роҳҳои афзалиятнок дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Вобаста ба зиёд шудани талаботи сокинон ба сабзавоти тару тоза дар давраи зимистон солҳои охир ин таҷриба дар Тоҷикистон рушд меёбад. Ҳоло дар бозорҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сабзавоти тару тозаро бо сифати хуби молӣ ва истеъмолӣ ва нархҳои ба сокинон дастрас дидан мумкин аст. Вобаста ба афзоиши талаботи бозор деҳқонон низ ба парвариши помидору бодиринг, қаламфури булғорӣ, гулкарам, кабудиҳо дар заминҳои пӯшидаи бо гармӣ таъминшаванда дар фасли зимистону аввали баҳор бештар таваҷҷӯҳ доранд. Як қисми сабзавоти тару тозае, ки дар бозору мағозаҳо пешкаши харидорон гардонида мешавад, истеҳсоли дохилиӣ мебошад.
Дар робита ба ин самти кишоварзӣ дар назди Парки технологии Донишгоҳи давлатии Данғара парваришхонаи пӯшида бунёд карда шудааст, ки барои машғулиятҳои амалию таҷрибавӣ бо донишҷӯён истифода бурда мешавад. Донишҷӯён дар фасли зимистон бо парвариши сабзавот дар гамхона шинос шуда, оид ба моҳият ва таъсири омилҳои ҳаётӣ, аз ҷумла ҳарорат ба нашъунамои растаниҳо бевосита шинос мешавад. Таҷрибаи амалӣ имконият медиҳад, ки он донишҳои назариявии худро такмил дода, ҳамзамон малакаи корҳои амалиро дар самти агрономӣ тақвият диҳанд.
Шароити парваришхона бо технологияи муосири системаи гармкунӣ ва рӯшноӣ, танзими гардиши ҳаво ва намнокии мӯътадил, обёрии қатрагӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути хати оби гамр аз маркази ягонаи гармидиҳӣ бо ҳарорати мувофиқ таъмин карда мешавад. Дар гармхона кӯчати бодирингу помидор, ки бевосита дар қуттичаҳо бо торф ва гумус сабзонида шудаанд, дар давраи пайдо шудани 2 барги ҳақиқӣ, 10 феврали соли 2026 шинонда шуданд. Айни замон нашъунамо ва ҳолати кӯчатҳо ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Аз тарафи олимони кафедраи агротехнология дастурамалҳо оид ба парвариши сабзавот дар замини пӯшида ва гармхона таҳия гардида, барои истифодабарӣ ба деҳқонон пешниҳод карда мешавад. Кафедра барои ҳамкорӣ ва тавсияҳои муфид бо деҳқонон дар самти парвариши сабзавот дар замини пӯшида ва дигар самтҳои парвариши зароитҳои кишоварзӣ, мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо ва алафҳои бегона ҳамеша омода аст.
Расулзода Б.Р., н.и.к., дотсенти кафедраи агротехнологияи


