7 феврали соли 2026 даври аввали Озмуни ноҳиявии “Фарҳанги дастархонороӣ” дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир гардид.
Озмуни мазкур тибқи талаботи Низомнома аз рӯйи шартҳои оростани дастархони миллии тоҷикӣ бо пешниҳоди таомҳои миллии қадима ва муосир, оростани дастархони тоҷиконаи муосир, маҳорати пухтани нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳорати қабули меҳмон дар хона, саволу ҷавоб оид ба масъулияти оиладорӣ ва рӯзғордорӣ дар байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳ баргузор шуд.
Донишҷӯдухтарони Донишгоҳ аз рӯйи ҳамаи шартҳои Озмун фаъолона иштирок намуда, аз ҷониби ҳайати Комиссия ҳунару малакаи онҳо дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид.


