НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

      3 феврали соли 2026 тибқи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту муассисаҳо, дар маҷлисгоҳи донишгоҳ бо иштироки ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, муовини аввал, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва марказҳо, деканони факултетҳо ва 35 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

    Сараввал ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳузури намояндагони ВАО-ро ба Донишгоҳи давлатии Данғара хайрамақдам гуфта, дар бораи фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ дар соли 2025 резахбор пешниҳод намуд.

    Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолияти хешро тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи маориф ва илм роҳандозӣ намуда, дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаистодааст.

Шумораи умумии донишҷӯён ба санаи 31.12.2025 8701-нафар (4619-нафар таҳсилоти рӯзона, 4082-нафар таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона)-ро ташкил медињад. Аз инҳо:

-2403-нафар тариқи буҷавӣ,

-6298-нафар тариқи шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Аз ҷумла,

16-нафар ятими кул.

14-нафар маъюб.

242-нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар идомаи нишасти матбуотӣ бо ифтихор аз 75 дастоварди Донишгоҳи давлатии Данғара дар соли 2025, ки саҳифаҳои наву рангинро дар таърихи ин муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар боз намуд, номбар шуданд, ки муҳимтарини онҳо:

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23-юми октябри соли 2025 дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара барои бунёди хонаҳои истиқоматии омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара санги асос гузоштанд.

2. Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ Раҳимов Анушервон Қиёмиддинович дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик сазовори ШОҲҶОИЗА гардид.

3. Олимиён Сабрина Шамсулло – мудири кафедраи адабиёт ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соњаи илмҳои гуманитарӣ сарфароз гардид.

4. Ҷобиров Мирзоали Шералиевич – магистри курси 1-уми ихтисоси - филологияи рус дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

5. Ғуломова Фотима Раҷабалиевна – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик. рӯзноманигорӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

6. Маҳмадаминов Хайём Тоҳирҷонович – сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар жанри эстрадии “Номинатсияи сарояндагӣ” (аз 18 то 35 сола) сазовори ҶОЙИ ДУЮМ гардид.

7. Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ Раҳматова Руҳафзо Сафаралиевна дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

8. Дастаи ҳаваскорони “Шукри Истиқлол”-и донишгоҳ ғолиби даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Маҳфили Зарифон” гардид.

9. Аз моҳи январи соли 2025 музди маоши ҳайати омӯзгорону кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ дар ҳаҷми 10% баланд бардошта шуд.

10. Соли 2025 Донишгоҳи давлатии Данғара ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (https://edo.innovation.tj/) пайваст гардид.

11. Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи интихоби довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин ҷой гирифт.

12. Соли таҳсили 2025-2026 ба Донишгоҳи давлатии Данғара 2100 нафар довталабон дохил шуданд.

13. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара 13 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи доктории хешро бо муваффақият ҳимоя намуданд.

14. Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 6 китоби дарсӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расонида шудааст.

15. Аз ҷониби пажуҳишгарони донишгоҳ 23 монографияи илмӣ ба нашр расонида шуданд.

16. Мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Тавлифи ҳосилаҳои нави глитсератҳои баъзе филизоти дувалента ва соҳаҳои имконпазири истифодабарии онҳо” аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 360.000 сомонӣ, дар соли 2025 қабул гардид.

17. Мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Технологияи мутобиқати парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар шароити мавзеи Данғара вобаста ба тағйирёбии иқлим”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 472.827 сомонӣ, дар соли 2025 қабул гардид.

18. Дар ҳамин сол мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Таҳлили сифатӣ ва миқдории қисматҳои аккумуляторҳои литий-ионӣ”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 864.750 сомонӣ қабул гардид.

19. Ҳамчунин мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Таҳияи ретсептураи нави заҳрхимикати омехтаи бордосӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи он дар соҳаи боғу токпарварии ноҳияи Данғара”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 513.455 сомонӣ, дар ин сол қабул гардид.

20. Мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Татбиқи фалсафаи муваффақият ва мактаби давлатдории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди давлатдории миллӣ”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 517.079 сомонӣ, дар соли 2025 қабул гардид.

21. Мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Роҳҳои такмилдиҳии баҳисобгиририи муҳосибӣ дар корхонаҳои истихроҷи маъдан”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ– бо маблағи 600.000 сомонӣ, дар ҳамин сол қабул гардид.

22. Аз ҷониби ҳайати олимону профессорони донишгоҳ 6 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ SCOPUS, Web of Science ва DOI дар соли сипаришуда ба нашр расиданд.

23. Соли сипаришуда 216 адад мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шуданд, ки 25 адад нисбати соли 2024 зиётар мебошад.

24. Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 5 адад патенту нахустпатент бо санадҳо барои ихтироот ба даст оварда шуданд.

25. Дар соли сипаришуда ба китобхонаи донишгоҳ 15000 китоб ворид гардида, ба фонди китобхонаи электронии донишгоҳ 100000 китоб ворид карда шудааст.

26. Холов Рамазон Раҷабалиевич – муовини сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ғолиби номинатсияи “Беҳтарин корманди шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилояти Хатлон дар соли 2025” ҳисобида шуд.

27. Сафарова Нигора Тоҷиддиновна – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ) ғолиби номинатсияи “Беҳтарин донишҷӯдухтар дар соли 2025” дониста шуд.

28. Кобулиев Бузургмеҳр - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

29. Арчаев Ибодулло – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни фалсафа сазовори ҶОЙИ ДУЮМ гардид.

30. Оламафрӯзи Илҳомҷон – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таърих дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

31. Каримов Самариддин – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия ва қарз, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни информатика сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

32. Шоҳмуродов Низомиддин – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни сиёсатшиносӣ сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

33. Эгамбердиев Манучеҳр – магистранти курси якуми ихтисоси молия ва қарз дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҶОЙИ ЯКУМ гардид.

34. Соли сипаришуда ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Данғара бо Донишгоҳи саноатии касбӣ ва техникии шаҳри Янчэн бо ташрифи расмии ректори ин муассиса Лю Юшен ба Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардиданд.

35. Соли сипаришуда намояндагони донишгоҳ дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ “Qatar Travel Mart-2025” ширкат варзида, ҳамкориҳо бо Донишгоҳи олии Лусаили Қатар оғоз гардиданд.

36. Соли сипаришуда ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Данғара бо Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифа (HBKU) оғоз ёфтанд.

37. Соли сипаришуда аз љониби Ташкилоти байналмилалии Хелветас ва дафтари Шветсария оид ба рушд ва ҳамоҳангсозии барномаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара Маркази машварати ҳуқуқӣ ташкил карда шуд.

38. Дар ҳамин сол бо маблағи 612 500 сомонӣ таҷҳизоти техникӣ барои синфхонаҳои компютерӣ ва маркази тестию бақайдгирӣ харидорӣ шуданд.

39. Соли сипаришуда хатти таъмини оби гарм дар хобгоҳи донишҷӯён ва биноҳои таълимӣ таъмир ва ба истифода дода шуданд.

40. Дастаи футболбозони донишгоҳ соли сипаришуда дар мусобиқаи Лигаи футбол миёни донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои вилояти Хатлон соҳиби ҶОЙИ ДУЮМ гардиданд.

    Дар бахши дигари нишасти матбуотӣ аз ҷониби намояндагони ВАО вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ маҷмуи саволҳо пешниҳод гардид, ки ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба саволҳои мазкур бо овардани нишондиҳандаҳо ва мисолҳои возеҳ ҷавобҳои мушаххас ва қаноатмандкунанда доданд.

    Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара эълом дошт, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро бо намояндагони воситаҳои ахборӣ омма баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия зимни тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ба роҳ хоҳад монд.